Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

мусбат ва гурӯҳи дигарашон таъсири манфӣ мебахшанд. Бинобар ин ашё ва синфхонаҳои мактаб, бино ва дастгоҳҳои истеҳсолӣ бо чунин тобишҳое ранг карда мешаванд, ки онҳо ба баландшавии ҳолати эмотсионалии фаъолияти шахс мусоидат кунанд.
Эҳсоси шунавоӣ. Узви шунавоӣ гӯш аст. Нӯгҳои ҳискунандаи асабҳои шунавоӣ дар ҳалазуни гӯш ҷойгир шудаанд.
Лаппишҳои садо дар гӯши берунӣ мутамарказ мешаванд ва бо воситаи гӯши миёна ба мембрана мегузаранд, ки он аз торҳои асаби дарозӣ ва ғафсиашон гуногун иборат аст. Дар эҳсоси шунавоӣ эҳсоси овозҳои нутқ, садоҳои мусиқӣ ва эҳсоси шавшувро фарқ мекунанд.
Мо овозҳои нутқро шунида, онҳоро назорат карда ва дар мавридҳои зарурӣ талаффузи онҳоро ислоҳ намоем. Инро эҳсоси шунавоии фонематикӣ меноманд. Қобилияти овозфаҳмӣ ба туфайли таъсири муҳити муоширати одамон бо ин ё он забон инкишоф меёбад.
Ташаккули ин намуди қобилият дар синфҳои ибтидоӣ ба вуҷуд меояд ва он ба инкишофи нутқи хаттӣ таъсири мусбат мерасонад. Қобилияти овозфаҳмӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ҳарчанд онҳо сохти фонетикии дигар дошта бошанд ҳам, мусоидат мекунад. Дар мактаб ҳангоми гузаштани дарсҳои суруд ва фаъолияти кружокҳо қобилияти мусиқифаҳмиро инкишоф додан мумкин аст. Чунин қобилият дар навбати худ ба ташаккули соҳаи эмотсионалӣ ва маданияти мусиқии хонандагон мусоидат мекунад.
Эҳсоси овозҳои нутқ ва садоҳои суруд табиати равшан ифодаёфтаи иҷтимоиро дорад. Инкишофи ин эҳсосҳо ба васеъшавии соҳаи маърифатии хонандагон мусоидат мекунад.

пешина
аз 223
навбатӣ