Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

амалӣ, таълимӣ, бозӣ, масалан, дар дарси меҳнат беҳад зарур аст.
Ташаккули қобилияти муқовиматнишондиҳии организм ба лаппишҳои ҳарорати муҳити иҳотакарда яке аз масъалаҳои муҳими кор бо кӯдакон ба шумор меравад.
Эҳсоси мувозинат. Узвҳои эҳсоси мувозинат дар гӯши дарунӣ ҷойгир буда, дар бораи ҳаракат ва вазъияти организм дар фазо хабар медиҳанд. Эҳсоси мувозинат бо протсессҳои эмотсионалӣ (ҳисси тарс ҳангоми ба поён афтидан, ҳаловат бурдан ҳангоми алвончхӯрии якзайл дар арғунчак ва ғ.) зич алоқаманд аст. Ба туфайли машқҳое, ки дар дарси тарбияи ҷисмонӣ иҷро мешаванд, дар хонандагон ҳассосияти баландро ба тағйирёбии ҳолати организм ташаккул додан мумкин аст.
Эҳсоси ҳаракатӣ. Ретсепторҳои эҳсоси ҳаракатӣ ё худ кинестезӣ дар мушакҳо ва рагу пайҳои бадани одам ҷойгиранд. Ҳангоми кашишхӯрӣ ва ҳаракати рагу мушакҳо импулсҳое ба вуҷуд меоянд, ки онҳо ба инъикос намудани қувва, суръат ва траекторияи ҳаракати организми инсон имконият медиҳанд.
Ретсепторҳои ҳаракат, ки дар ангуштон, забон, лабҳо ва дигар қитъаҳои узвҳои нутқ ҷойгиранд, ба фаъолияти нутқ мусоидат мекунанд.
И.П. Павлов эҳсоси ҳаракатиро яке аз қисматҳои асосии нутқ ҳисобидааст, ки ҳамчунин дар таъмини мутобиқшавии одам ба муҳити иҳотакарда роли муҳим мебозад.
Инкишоф додани эҳсоси ҳаракатии мактаббача яке аз вазифаҳои асосии фаъолияти педагогӣ мебошад, зеро бе азхуднамоии ҳаракатҳо фаъолияти таълимӣ ва меҳнатии одам ғайриимкон аст.
Эҳсоси органикӣ. Миқдори зиёди ретсепторҳои эҳсоси органикӣ дар узвҳои дарунӣ: сурхрӯда, меъда, рӯдаҳо ҷой гирифтаанд. Онҳо

пешина
аз 223
навбатӣ