Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Эҳсоси шавшув дар фаъолияти одамон аҳамияти нисбатан камтарро соҳиб аст. Шавшуви зӯр ва бардавом ба сарф кардани қувваи барзиёди асаб сабаб мешавад, ки ин ба саломатии инсон зарар мерасонад.
Шавшуви ғалоғула ба психикаи одам таъсири манфӣ мебахшад, ба фаъолияти таълим халал мерасонад ва системаи асабро хаста мекунад.
Эҳсоси бӯй. Ретсептори эҳсоси бӯй пардаи луобии бини мебошад.
Эҳсоси бӯй ҳангоми таъсири зарраҳои хурдтарини моддаҳои бӯйдор ба он ба вуҷуд меояд. Ин эҳсосҳо ба мутобиқшавии баъзе намудҳои ҳайвонот ба муҳит ёрӣ мерасонанд, вале онҳо аҳамияти худро барои инсон дар рафти эволюция гум кардаанд. Эҳсоси бӯй дар якҷоягӣ бо эҳсоси мазза дар муайян намудани сифатҳои маззаи хӯрок роли калон мебозад.
Эҳсоси мазза. Узви эҳсоси мазза забон мебошад, ки дар қитъаҳои гуногуни он ретсепторҳои мазза (пистонакҳои мазза) ҷойгир шудаанд.
Онҳо чор эҳсоси маззаро фарқ мекунанд: туршӣ, талхӣ, шӯрӣ ва ширинӣ. Эҳсоси мазза ва бӯй ҳангоми гуруснашавӣ тезутунд мешаванд ва ба баландшавии (ё пастшавии) иштиҳо мусоидат мекунанд.
Эҳсоси пӯст. Якчанд намуди системаи анализаторҳои мустақилро дар пӯсти одам фарқ мекунанд, ки таъсироти гуногуни предметҳои олами иҳотакардаро инъикос мекунанд. Аз ин рӯ ангезандаҳои механикӣ ва ҳароратии ба пӯст таъсиркунанда намудҳои гуногуни эҳсосро ба вуҷуд оварда метавонанд: эҳсоси расиш ё эҳсоси тактилӣ, эҳсоси хунукӣ, эҳсоси гармӣ, эҳсоси дард ва ғ. Эҳсоси тактилӣ (расиш) дар якҷоягӣ бо эҳсоси кинестезӣ (ҳаракатӣ) эҳсоси ломисавиро ба вуҷуд меоранд, ки он дар фаъолияти маърифатию меҳнатии одам роли калон мебозад. Инкишоф додани эҳсоси ломисавӣ ва дигар намудҳои эҳсос дар ҷараёни фаъолияти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор