Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ҳамон хусусияти хонанда қайд карда шудааст, ки ӯро аз дигар хонандагон фарқ мекунонад. Агар одам ягон предметро хуб донад, он гоҳ ӯ дар бораи он муҳокимаи дурусти пурмазмун карда метавонад. Ҳақиқати муҳокимаҳо бо таҷрибаи ҷамъиятии одам санҷида мешавад. Ҳақиқати донишҳои инсонро инчунин бо воситаи хулосабарориҳо фаҳмидан мумкин аст.
Хулосабарорӣ чунин фаъолияти мураккаби фикрӣ мебошад, ки одам дар рафти он муҳокимаҳои гуногунро муқоиса ва таҳлил намуда, ба хулосаҳои нави умумӣ ё хусусии мантиқӣ меояд.
Ду намуди хулосабарориро фарқ мекунанд: индуктивӣ ва дедуктивӣ.
Чунин тарзи хулосабарорӣ, ки он аз муҳокимаҳои хусусӣ ба хулосаҳои умумӣ мебарад, индуксия ном дорад. Ба воситаи индуксия дар асоси омӯзиши ҳодисаҳои алоҳида қонун ва қоидаҳои умумӣ муқаррар карда мешавад.
Масалан, аз муҳокимаҳои хусусии: «оҳан металл аст», «оҳан қувваи барқро мегузаронад», «сурб металл аст», «сурб қувваи барқро мегузаронад», «мис металл аст», «мис қувваи барқро мегузаронад» ва ғ. чунин хулосаи ҷамъбасткунанда баровардан мумкин аст: «ҳамаи металлҳо қувваи барқро мегузаронанд».
Дедуксия чунин тарзи муҳокимаронӣ аст, ки аз муҳокимаи умумӣ ба хусусӣ мебарад. Ба воситаи он маърифати ҳодисаҳои алоҳида дар асоси донистани қонуну қоидаҳои умумӣ ба вуҷуд меояд. Масалан, агар донем, ки: а) «ҳамаи металлҳо қувваи барқро мегузаронанд» ва б) «оҳан металл аст», бо боварӣ тасдиқ кардан мумкин аст, ки «оҳан қувваи барқро мегузаронад».
Хусусиятҳои индивидуалии фаъолияти фикрии одам. Протсесси тафаккури одамон ба қонуниятҳои умумии мантиқӣ итоат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор