Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хонданАммо дар протсесси тафаккур фарқиятҳои муҳими индивидуалӣ низ мавҷуданд, ки онҳо ба типи системаи асаби одами конкретӣ, таҷрибаи шахс, ба динамикаи ҷоришавии протсессҳои шартӣ-рефлекторӣ дар пӯстлоқи майнаи сар вобастаанд. Фарқҳои фаъолияти фикрии одамон дар гуногунии сифатҳои тафаккур ошкор мешаванд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:
- васегии ақл аз як тараф бо васегии фаъолияти маърифатии одам ифода меёбад, аз тарафи дигар бо муносибати эҷодӣ нисбат ба масъалаҳои омӯхташавандаи ҳақиқат тавсиф дода мешавад.
- амиқии ақл сифати муҳимтарини фаъолияти фикрӣ буда, маҳорати фаҳмида тавонистани моҳияти масъалаҳои муҳимтарини ҳаёт ва сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳодисаҳоро ифода мекунад.
- мустақилии тафаккур бо маҳорати бе ёрии одамони дигар мустақилона гузошта тавонистани вазифаҳои нав ва ёфта тавонистани роҳҳои ҳалли онҳо тавсиф дода мешавад.
Сифатҳои дигари тафаккур дар боби «Ақл ва қисматҳои он» муфассал дида баромада шудаанд, ки дар он сифатҳои ақл ҳамчун қобилият тавсиф дода мешаванд.
Ҳамаи сифатҳои номбурдашудаи тафаккур бо характеристикаи шахсияти одами конкретӣ алоқаманданд. Онҳо дар ҷараёни фаъолияти маърифатӣ, фикрӣ инкишоф меёбанд ва ба роҳу шаклҳои мухталифи инкишофдиҳию ташаккул вобастаанд.
Нутқ, фаъолияти нутқӣ бо фаъолияти маърифатӣ, аз ҷумла бо шакли олии инъикос – тафаккур алоқаи ҷудонашаванда дорад. Дар ҳақиқат, одам бо мавҷудияти тафаккури нутқиаш тавсиф дода мешавад.
Бинобар ин муфассалтар дида баромадани мафҳуми «нутқ» аз аҳамият холӣ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор