Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Нутқ – протсесси мураккаби психикии ташаккул ва ифодаи фикрҳо дар калимаҳо ва протсесси муоширати байни одамон ба воситаи забон мебошад.
Одамон ба воситаи забон мубодилаи афкор, хоҳиш ва ҳиссиёт карда метавонанд. Забон – ин системаи воситаҳои муносибот аст, ки дар ҷараёни тараққиёти таърихии одамон кор карда шудааст ва қисматҳои муҳими онро таркиби калима ва грамматика ташкил медиҳанд. Ҳар як калима мазмуни муайяни мантиқиро соҳиб аст, ки дар он мансубияти предметии калима бо ҳақиқат ифода меёбад ва хусусияти ҷамъбасткунандаро дорад. Масалан, калимаи «соат», ки бо он ҳам асбоби дастӣ, ҳам деворӣ, ҳам бурҷӣ, ҳам офтобиро ифода кардан мумкин аст, ки бо ёрии онҳо гузаштани вақт чен карда мешавад. Таҷрибаи андӯхтаи инсоният дар забони коллективи муайян, халқият ва миллат таҷассум меёбад.
Психология на забон, балки нутқро ҳамчун протсесси бо мақсади муносибати байни одамон истифода бурдани забон меомӯзад. Нутқ ҳамчун фаъолияти мураккаб тавсиф дода мешавад ва он аз қисмҳои гуногун иборат аст, ки боҳампайвастшавии онҳо фаҳмиши байниҳамдигарии одамонро ба вуҷуд меоварад.
Протсесси муошират мавҷудияти ҳеҷ набошад ду ҳамсуҳбатро талаб мекунад. Мо дар ҷараёни муошират забони овозиро истифода мекунем ва аз ин рӯ барои фаъолияти нутқ аппарати махсусе зарур аст, ки овозҳои нутқро ҳосил кунад.
Забон ва нутқ ҳарчанд ҷиҳатҳои умумӣ дошта бошанд ва бо тафаккур алоқаи зич дошта бошанд ҳам, вале онҳоро бояд аз якдигар фарқ кард. Ҳамон як фикр дар нутқ дар шаклҳои гуногуни забонӣ ва калимагӣ ифода ёфта метавонад. Масалан, калимаи «рӯбоҳ» дар амали конкретии нутқ маънои «одами маккорро» низ медиҳад. Аз ин рӯ мазмуни нутқ дар фаъолияти нутқӣ аниқ мегардад, дар он муносибати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор