Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Диалог – ин муоширати бевоситаи ду ё якчанд кас мебошад, ки дар шакли мубодилаи қайду эзоҳҳои иштироккунандагон мегузарад. Диалог якчанд лаҳза дорад, ки онҳо протсесси муошират ва фаҳмиданро осон менамоянд.
Якум, диалог нутқест, ки дастгириро талаб мекунад, яъне ҳамсуҳбатон дар ҷараёни гуфтугӯ барои аниқ кардани ҷойҳои нофаҳмо озодона метавонанд ба якдигар саволҳои равшанкунанда дода, фикри якдигарашонро давом диҳанд. Дуюм, гуфтугӯи ҳамсуҳбатон дар диалог дар муҳити муносибати эмотсионалию ҳаяҷоннок мегузарад, ки ин ба истифода бурдани воситаҳои ёридиҳандаи ифодаи фикр (мимика, ҳаракат, имову ишора, талаффуз ва ғ.) имконият медиҳад. Сеюм, одатан мавзӯи гуфтугӯ, мақсади фикр дар диалог барои ҳамсуҳбатон умумӣ аст ва аксар вақт дар доираи идроки ҳар ду ҷой мегирад. Ин хусусият ба характери воқеият ё шароитҳо вобаста будани нутқро ифода мекунад.
Нутқи монологӣ нутқи як шахс аст ва системаи фикру донишҳо дар он ба воситаи лексия, маъруза, баромад дар маҷлис ва дигар ахбори гуногуни хаттию даҳонӣ баён карда мешавад. Нутқи монологӣ нутқи алоқадор ва ба матн тобеъшуда аст, ки ба чунин талаботҳо мисли пайдарпаӣ, исботшавандагӣ ва аз назари грамматикӣ бехато тартиб додани баёни фикр итоат мекунад.
Монолог аз сабаби он, ки шунаванда ба рафти муҳокимаи гӯянда дахолат карда наметавонад, қатъ намеёбад. Аммо ин маънои набудани алоқаи гӯянда бо шунавандагон надорад, чунки лектор аз рӯи таассуротҳои ҷавобии шунавандагон ба дараҷаи осонфаҳм будани нутқи худ баҳо дода метавонад. Пурмазмунии нутқ ва ифоданокии он бояд ҷиҳатҳои ҷудонашавандаи монолог бошанд, ки ба туфайли воситаҳои овозӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Монолог ба возеҳу равшан будани нутқ, ба суръат ва оҳанги муайяни талаффузи он такя мекунад. Нутқи хаттӣ аз нутқи даҳонӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани эҳтиёҷот ба нигоҳ доштани донишҳо,

пешина
аз 223
навбатӣ