Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

ахбор ва маълумотҳо ба муддати дурудароз пайдо шудааст. Якчанд намуди нутқи хаттиро фарқ мекунанд: хати пиктографӣ (ба ин лавҳаҳои мағозаҳо, ки дар онҳо меваҳо тасвир шудаанд, мисол шуда метавонад), иероглифӣ (масалан, хати хитоӣ), ки асоси онро истифодаи аломатҳои предметҳо ташкил медиҳад: ба миқдори зиёди предмету ҳодисаҳои олами берунӣ миқдори бисёри иероглифҳо мувофиқ меоянд.
Хати алфабетӣ дар шароити ҳозира яке аз хатҳои дертар пайдошуда ва паҳнгашта ба шумор меравад, ки бо нутқи даҳонӣ алоқаманд аст: фонемаҳо (овозҳои нутқ) ба таври графикӣ тасвир карда мешаванд.
Азхудкунии нутқи хаттӣ бо механизмҳои махсуси психологии нутқ алоқаманд аст, чунки нутқи хаттӣ бо чашм идрок ва бо даст навишта мешавад. Илова бар ин, алоқаи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ дар асоси алоқаҳои мураккаби байнианализатории дар пӯстлоқи майнаи сар ҳосилшуда ба вуҷуд меояд ва ин алоқаҳо бо системаи дуюми сигналӣ зич алоқаманд мебошанд.
Омӯзиши нутқи хаттӣ дар давраҳои мактабӣ ба вуҷуд меояд ва ба дараҷаи азхудкунии донишҳои грамматикӣ вобаста аст.
Нутқ, фаъолияти нутқӣ ва хусусиятҳои он то дараҷае нишондиҳандаи сифатҳои шахсияти одам буда метавонанд.
Нутқи флегматик одатан бо суръати суст ва нутқи холерик, баръакс, бо суръати тез сурат мегирад. Нутқ, ки дар якҷоягӣ бо мимика, ҳаракат ва имову ишора зоҳир мешавад, метавонад ҳолатҳои эмотсионалии одам ва ҳатто характери ӯро ифода кунад. Нутқи одами хасташуда одатан суст, норавшан ё худ баръакс тез, номураттаб, пурҳаяҷон мешавад ва дар ҳар ду ҳолат ҳам фаҳмидани нутқи ҳамсуҳбат душвор аст.

пешина
аз 223
навбатӣ