Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

осон азнавҳосилкунӣ. Мафҳуми хотираи хуб ва бад мавҷуд аст. Агар хотираи хуб дар зуд ба хотира гирифтану суст фаромӯш кардан зоҳир шавад, он гоҳ хотираи бад, баръакс, бо суст ба хотира гирифтану зуд фаромӯш кардан тавсиф мешавад. Зуд ба хотира гирифтану суст фаромӯш кардан беҳтарин сифати хотира аст. Одамоне, ки чунин хусусиятро соҳибанд, материалро баъди як маротиба хондан ба хотира мегиранд, дар хотира нигоҳ медоранд ва ниҳоят ҳаҷман пурраю бехато аз нав ҳосил мекунанд.
Суст ба хотира гирифтану суст фаромуш кардан пайвасти дигари сифатҳои хотира мебошад. Одамони чунин сифатро дошта барои азёд кардани материал вақти зиёдро истифода мебаранд: якчанд маротиба хондан, тартиб додани ҷадвал, ба худ нақл кардан ва ғ. Дар ин ҳолат материал бардавом ва дуру дароз нигоҳ дошта шуда, пурра аз нав ҳосил мешавад. Чунин одамоне низ ҳастанд, ки онҳо материалро зуд ба хотира гирифта, вале онро зуд фаромуш мекунанд. Онҳо одатан баъди як ду рӯз материали мустаҳкамшударо бад, нопурра, норавшан ва бо хатоҳои дағал аз нав ҳосил мекунанд. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки чунин одамон бо зуд ба хотирагирии материал қаноатманд шуда, барои такрори он вақт сарф намекунанд, гӯё ки ҳама чизро медониста бошанд.
Хотира дар натиҷаи зуд фаромушшавӣ бемаҳсул мешавад. Аз ин рӯ такрори мунтазами материал зарур аст, ки ин ба дуру дароз ва бардавом нигоҳ доштани он имконият медиҳад.
Аз ҳама сифати каммаҳсултар суст ба хотира гирифтану зуд фаромӯш кардан аст. Одамон дар чунин ҳолат барои азёд кардан вақти зиёдеро сарф мекунанд, вале ба натиҷаи дилхоҳу зарурӣ ноил намешаванд, чунки материал нопурра ва норавшан аз нав ҳосил мегардад.

пешина
аз 223
навбатӣ