Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

МАФҲУМ ДАР БОРАИ ЭМОТСИЯҲО ВА ҲИССИЁТ
Дар ҷараёни маърифат муносибати ба худ хоси субъективии одам ба предмети маърифат ташаккул меёбад. Ин муносибатро эмотсияҳо ва ҳиссиётҳо меноманд.
Одам олами иҳотакардаро фақат инъикос намекунад. Инъикоси дар протсесси эволютсия инкишофёбанда имконият медиҳад, ки организм ба муҳити иҳотакарда мутобиқ шавад ва ин дар навбати худ барои қонеъ гардонидани талаботҳои организм низ зарур аст.
Одам бо предметҳои олами иҳотакарда амал карда, онҳоро дониста мегирад ва бо ин муносибатҳои гуногунро нисбат ба предметҳо ва ҳодисаҳои ҳақиқат зоҳир менамояд.
Муносибати субъективии одам ба ҳодисаҳои ҳақиқат, ки дар шуур ҳамчун ҳиссиёти азсаргузаронандаи ботинӣ инъикос ёфта, дар ҳолатҳои гуногуни организм ифода меёбад, эмотсия номида мешавад.
Эмотсия характери мусбат ё манфиро дорад. Одам вобаста ба мавқеи ишғолкардаи ҳамон як предмет дар фаъолияти ҳаррӯзааш муносибатҳои гуногунро метавонад зоҳир кунад. Инчунин муносибат ва ҳиссиётҳои ботинии боз ҳам мураккабтар мавҷуданд, ки онҳоро ҳамчун эмотсияҳои духела (ба ном амбивалентӣ) тавсиф медиҳанд.
Хусусияти характерноки эмотсияҳо он аст, ки онҳо дар ҳаракатҳои ба ном ифоданок: мимика (ҳаракатҳои ифоданоки рӯй), пантомимика (ҳаракатҳои ифоданоки тамоми бадан), имову ишораҳо, андом ва нутқ зоҳир мешаванд.
Эмотсияҳо бо фаъолияти узвҳои дохилӣ алоқаманданд. Бинобар ин ҳангоми зоҳир намудани муносибатҳои муайян ба предметҳо, одамон ва ҳодисаҳо дар организми одам дигаргуниҳои физиологӣ рӯй медиҳанд,

пешина
аз 223
навбатӣ