Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

организм меоянд, таъсири бузург мебахшанд. Эмотсияҳо дар ҷараёни таъсири байниҳамдигарии организм бо муҳити берунӣ ба вуҷуд меоянд, зоҳир мешаванд ва тараққӣ мекунанд. Ин реаксияи организм ба таъсироти олами берунӣ мебошад. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки принсипи рефлекс ҳамчун принсипи асосии фаъолияти системаи асаб аҳамияти худро дар фаҳмиши таассуротҳои эмотсионалӣ низ пурра нигоҳ медорад.
Албатта, организми зинда дар протсесси эволюсия мунтазам тараққӣ мекунад ва дар натиҷаи он маҷмӯи зиёди талаботҳои содда ва мураккаб ба вуҷуд меоянд. Дар алоқамандӣ ба ин гуногунию рангорангии эмотсияҳо низ меафзояд. Аз як тараф ин эмотсияҳои содда, ки бо талаботҳои бевоситаи организм – гуруснагӣ, ташнагӣ, давом додани насл алоқаманданд ва аз тарафи дигар ин ҳиссиётҳои ақлӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, ки дар ҷараёни муносибати байни одамон ба вуҷуд омадаанд ва инкишоф ёфтаанд.
Чунин эмотсияҳои содда ба монанди ҳисси гуруснагӣ, ташнагӣ, худнигоҳдорӣ, давом додани насл бо рефлексҳои ғайришартӣ зич алоқаманданд ва асоси физиологии онҳоро фаъолияти соҳаи таги пӯстлоқ ташкил медиҳад.
Эмотсия ва ё ҳиссиёти мураккаб ба фаъолияти пӯстлоқи нимкураҳои майнаи сар алоқаманд аст. Аксарияти эмотсияҳои одам дар асоси ҷавоб на ба ангезандаҳои ғайришартӣ, балки ба ангезандаҳои сигналию шартӣ ба вуҷуд меоянд. Агар одам таассуротҳои рӯзи гузаштаро ҷамъбаст кунад, он гоҳ дар байни онҳо албатта таассуротҳое низ пайдо мешаванд, ки бо ангезандаҳои ғайришартӣ алоқаманданд. Аммо маълум мешавад, ки қисмати зиёди ҳиссиётҳои азсаргузаронидаи одам бо ангезандаҳои сигналию шартӣ алоқаманд мебошанд.
Эмотсияҳо, ки хосияти ё қисмати ҷудонашавандаи ҳамаи фаъолияти олии асаб мебошанд, дар асоси фаъолияти муттаҳидаи ҳам пӯстлоқ ва

пешина
аз 223
навбатӣ