Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ҳам соҳаи таги пӯстлоқи майнаи сар ба вуҷуд меоянд. Эмотсияҳо ҳар қадаре, ки мураккаб бошанд, ҳамон қадар иштироки пӯстлоқ бештар мешавад. Роли муҳимро дар эмотсияҳои махсуси инсон системаи дуюми сигналӣ, яъне нутқ мебозад. Фаъолияти соҳаи таги пӯстлоқ асоси эмотсияҳо ё инстинктҳои содда: эмотсияи гуруснагӣ, худнигоҳдорӣ ва ҳоказо мебошад.
Ин ҷо нишондоди И.П. Павловро доир ба рефлекси тахминӣ қайд кардан зарур аст. Мувофиқи гуфтаи И.П. Павлов рефлекси тахминӣ бо тамоми нозукии худ ҳангоми иштироки функсияи олии анализатории нимкураҳои калон ба амал меояд. И.П. Павлов дар таассуротҳои эмотсионалӣ иштирок кардани пӯстлоқро бевосита нишон додааст.
Ӯ пайдоиши ин ё он ҳиссиётро бо қувватдиҳӣ ё вайроншавии стереотипҳои динамикӣ алоқаманд мекард. Шароитҳои мусоид ва муқаррарии ҳаёт, аҳволи хуби саломатӣ бо осон пайдошавии алоқаҳои муваққатии асаб алоқаманданд ва ҳамчун ҳолатҳои мусбат ҳис карда мешаванд. Вайроншавии тартиботи муқаррарии ҳаётӣ, бад шудани саломатӣ таассуротҳои манфиро ба вуҷуд меоранд. Одам махсусан ҳангоми вайрон шудани алоқаҳои муваққатӣ таассуротҳои сахтро аз сар мегузаронад.
Натиҷаҳои тадқиқоти эксперименталӣ ва мушоҳидаҳои клиникии солҳои охир имконияти чунин хулоса бароварданро медиҳанд, ки ташаккул ва ҷоришавии ҳолатҳои эмотсионалӣ ба амали формасияи ретикулярӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми ҳолатҳои эмотсионалӣ ва аффективии ғазаб, хашмгинӣ, тарс, ҳаяҷони дуру дарози формасияи ретикулярӣ ба вуҷуд меояд, ки фаъолияти онро пӯстлоқи нимкураҳои калони майнаи сар назорат мекунад. Инчунин вобастагии ҳолатҳои эмотсионалӣ аз фаъолияти физиологии баъзе марказҳои дар таламус, гипоталамус, системаи лимбӣ ва ядроҳои соҳаи таги пӯстлоқ ҷойгиршуда муайян карда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор