Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
рағбатҳо одатан шахсро вайрону иродаи ӯро суст мегардонанд ва психикаашро афсурда мекунанд.
ҲОЛАТҲОИ ЭМОТСИОНАЛӢ
Психология дар баробари протсессҳои психикӣ ва хусусиятҳои психологии шахс, инчунин ҳолатҳои психикиро (андешамандӣ, хушҳолӣ, илҳом, рӯҳия ва ғ.) меомӯзад, ки онҳо бо эмотсияҳои инсон зич алоқаманданд. Ҳолатҳои эмотсионалӣ на танҳо ба характери ҷоришавии фаъолияти психикии шахс вобастаанд, балки ба он таъсири муайян низ мерасонанд.
Ҳолатҳои эмотсионалӣ характери гузаранда, устуворӣ ва бардавомии гуногунро доранд. Онҳо то андозае ифодакунандаи сифатҳои шахс мебошанд. Чунин ҳолатҳои эмотсионалиро фарқ мекунанд: ҳолати аффект, ҳолати рӯҳӣ, рағбат.
Ҳолати рӯҳӣ гуфта ҳолати дарозмуддати эмотсионалиеро меноманд, ки ба ҷоришавии протсессҳои психикӣ дар фаъолияти одам таъсир мерасонад. Ҳолати рӯҳӣ аз ҷиҳати давомот гуногун буда, бо сабабҳои муайян ба вуҷуд меояд, вале одам на ҳама вақт сабаби ин ё он ҳолати рӯҳиро фаҳмида метавонад. Ҳолатҳои рӯҳии одам бо протсессҳои иродавӣ алоқаманданд ва идора мешаванд. Одами қавиирода ғуломи ҳолатҳои рӯҳӣ намебошад. Дараҷаи инкишофи шахс ба идоракунии ҳолатҳо таъсир мерасонад.
Ҳолати аффективӣ дар тадриҷан баландшавии шиддати эмотсионалии шахс ифода ёфта, ниҳоят серҳаракат ва равшан зоҳиршаванда аст. Ин ҳолат дар вазъиятҳои пурихтилоф бисёр вақт якбора ба вуҷуд меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор