Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Аффект – ин ҳиссиёти кӯтоҳмуддат ва пурҷушу хуруш мебошад.
Мисоли аффект (дар ҳаёт одатан якбора оташин шуданро чунин ҳиссиёт меноманд) ҳиссиёти ғазаб, маъюсӣ, шодӣ, тарс ва ғайра шуда метавонад.
Рағбат ҳиссиёти дарозмуддат, устувор ва пурқувват мебошад.
Рағбат ҳамеша предметнок аст, яъне бо мавҷудияти саъю кӯшиш нисбат ба объектҳои муайян (рағбат ба хондан, ба мусиқӣ, ба варзиш ва ғ.) тавсиф дода мешавад.
Ҳолатҳои эмотсионалӣ на танҳо ба хусусиятҳои физиологӣ, балки ба хусусиятҳои психологӣ низ вобаста мебошанд. Масалан, аффект дар одамони беодоб, густоҳ ва ғашдор бештар мушоҳида мешавад. Мо ба ҳама ҳолатҳои эмотсионалӣ метавонем ҳам баҳои мусбат ва ҳам манфӣ диҳем.
СИФАТҲОИ ЭМОТСИОНАЛИИ ШАХС
Чунин сифатҳои эмотсионалии шахсро фарқ мекунанд, ки ба симои психикии ӯ таъсири амиқ мебахшанд: 1) меҳрубонӣ; 2) мутаассирӣ; 3) хурушонии табъ; 4) ҳассосӣ; 5) рағбатнокӣ.
Одами меҳрубон таассуроти эмотсионалии шахси дигарро мефаҳмад, ба ӯ ҳамдард мешавад ва кӯшиши дар вазъиятҳои душвор ба ӯ ёрӣ доданро мекунад. Ин сифати мусбати беҳтарини одам ба шумор меравад. Бар хилофи одамони меҳрубон шахсони хунсард низ вуҷуд доранд, ки ба таассурот ва бадбахтии дигарон ҳисси бефарқ зоҳир мекунанд.
Мутаассирӣ – ин сифати эмотсионалии шахс буда, майли ҳис намудани ҳамаи чизи дар атроф рӯйдодаро ифода мекунад. Ин сифат ба одамони хурушонтабъ низ хос аст. Чунин одамон одатан мутаассиршаванда, чобук, ҳардамхаёл ва пурҳаяҷон буда, ба таҳлили таассуроти азсаргузаронидаи худ дода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор