Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

меёбад. Одами мустақил рафтори худро бо фикру эътиқодҳои шахсии худ тобеъ мекунад ва ба қабул намудани маслиҳату нишондодҳои оқилонаи дигарон низ омода аст.
Инчунин одамони талқиншаванда вомехӯранд, ки онҳо маҳорати зоҳир намудани кӯшишҳои иродавиро надоранд ва ба таъсиру иродаи одамони дигар тез дода мешаванд.
Ҷасурӣ, далерӣ, мардонагӣ, матонат, боинтизомӣ сифатҳои пурқиммати иродавии шахсияти одам ба шумор мераванд, ки бисёр вақт пайвасти индивидуалии сифатҳои дар боло зикршударо ташкил медиҳанд. Одами дараҷаи баланди сифатҳои иродавӣ доштаро одами қавиирода меноманд. Сифатҳои алоҳидаи иродавии онҳо метавонанд характери инкишофи индивидуалӣ дошта бошанд. Масалан, одами қатъӣ камсуботкор ҳам мешавад.
Одамоне, ки дараҷаи пасти сифатҳои иродавиро соҳибанд, одамони сустиродаанд. Ирода ҳамчун протсесс ва сифатҳои иродавии шахс дар ҷараёни ҳаёту фаъолият ташаккул меёбанд. Роли коллектив низ дар тарбияи ирода калон аст. Аз ин рӯ барои муайян кардани роҳҳои ташаккули сифатҳои иродавии шахс ҳарҷиҳата донистани ин сифатҳо зарур аст.
АҚЛ ВА ҚИСМАТҲОИ ТАРКИБИИ ОН
Ақл функсияи ҷузъии фаъолияти психикӣ набуда, маҷмӯъ ва яклухтии протсессҳои маърифатиро ифода мекунад, ки аз қисматҳои гуногун иборат аст.
Ба қисматҳои таркибии ақл пеш аз ҳама хотираро дохил кардан зарур аст. Хотира ба нигоҳ доштан ва истифода бурдани таҷрибаи гузаштаи ҳаёт имконият медиҳад. Асоси онро барқарор намудани

пешина
аз 223
навбатӣ