Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

алоқаҳои муваққатии асабӣ ташкил медиҳад. Аксарияти одамони боақл бо хотираи хеле хубашон низ фарқ мекунанд. Ҳарчанд ин қисмат барои фаъолияти ақлӣ муҳим бошад ҳам, вале аз муҳимтарин қисматҳо ба шумор намеравад. Ин ҳатто дар гуфтугӯи оддии одамон таҷассум ёфтааст.
Ин ё он кас икрор мешавад, ки ӯ соҳиби хотираи суст аст, вале пайдо кардани шахсе мушкил аст, ки бигӯяд: «Ман камақлам». Тасодуфӣ нест, ки ин мафҳумҳо аз якдигар беҳад дуранд.
Қобилияти ақлӣ низ, албатта, сифат ва шарти муҳими фаъолияти интеллектуалии одам ба шумор меравад. Ин нишондиҳандаи муҳимтарини қувваи системаи асаб аст, вале ин ҳам дар ақлу хиради одам хусусияти муҳимтарин намебошад.
Нишондиҳанда ё худ қисмати муҳимтарини таркиби фаъолияти ақлӣ маҷмӯи донишҳое ба шумор меравад, ки онро одам дорад. Ба ҳар ҳол аз рӯи ин нишондиҳанда ба комил будани ақли одам баҳо додан мумкин аст. Асоси онро фаровонии ассотсиатсияҳо ва зуд ҳосилшавии алоқаҳои муваққатӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ин дар ҳаёт одамони фозилу пурдони доираи васеи дониш дошта вомехӯранд, ки фаъолияти ақлиашон чандон пурмаҳсул нест. Яъне чунин одамон донишҳои зиёд доранд, вале истифодаи онҳо чандон самарабахш нест.
Тафаккури одам дар фаъолияти ақлӣ роли хеле муҳим мебозад. Аз ин рӯ беҳуда нест, ки одами босамар ва пайваста фикркунандаро «одами доно» меноманд. Таҳлили чуқур, синтези дуруст, муқоисаи ҳарҷиҳатаи мафҳумҳо, амалиётҳои тафаккури одам мебошанд ва инчунин комилан мувофиқ будани онҳо ба ҳақиқат, дурустии муҳокимаю хулосабарориҳо қисматҳои муҳимтарини ақли инсон ба шумор мераванд.
Зери мафҳуми қобилияти ақлӣ маҷмӯи ҳамон сифатҳое дар назар дошта мешавад, ки фарқҳои тафаккури одамонро ошкор мекунанд. Дар байни онҳо донишдӯстӣ, кунҷковӣ, амиқӣ, моҳирӣ ва зудӣ, мантиқӣ

пешина
аз 223
навбатӣ