Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Роли хаёл дар ҳолати илҳом ниҳоят бузург аст. Илҳом лаҳзаи баландтарини протсесси эҷодиёт ба шумор рафта, бо шиддати бузурги тамоми қувваҳои рӯҳию ҷисмонии шахс, ҷушу хуруши эмотсионалӣ, равшании фикр, мутамарказияти диққат, баландӣ ва қувваи махсуси хаёл тавсиф дода мешавад. Одам дар ҳолати илҳом масъалаҳои дар наздаш истодаро ба осонӣ ва пурра ҳал мекунад.
Яке аз намудҳои махсуси хаёл орзу мебошад. Орзу – ин хаёле мебошад, ки ба оянда, ба пешомади ҳаёт ва фаъолияти одам нигаронида шудааст. Орзу офаридани образҳои дилхоҳи одам буда, аз талаботҳои ҳаёт сарчашма мегирад. Орзу дар ҳаёту фаъолияти одам ва ҷамъият аҳамияти калонро соҳиб аст. Одамон ҳанӯз дар замонҳои қадим орзӯи парвоз кардан доштанд, дар бораи гилеми худпарвоз афсона бофтанд.
Ин орзуҳо сабаби дар ҳақиқат парвоз карданро ёд гирифтани одам шуданд.
К.Э. Сиолковский мудом дар бораи ба коинот парвоз кардани одам орзу мекард ва воқеӣ будани инро назариявӣ исбот намуд. Ин орзуро бори аввал дар ҷаҳон кайҳоннавард Ю. Гагарин амалӣ гардонид.
Он чизе, ки одам ҳозир орзу мекунад, пагоҳ дар фикри эҷодии ӯ пайдо шуда, сипас дар ҳақиқат дар амал татбиқ шуда метавонад.
ХУСУСИЯТҲОИ ФАРДӢ-ПСИХОЛОГИИ ШАХС
Ҳар як одам бо хусусиятҳои психикии фақат ба ӯ хос фарди такрорнашаванда мебошад, бинобар ин ду шахси ба ҳамдигар мутлақо монанд нестанд ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Хусусиятҳои индивидуалии одам бо аломатҳои бисёре тавсиф дода мешаванд.
Дараҷаҳои индивидуалнокиро бо мафҳумҳои мизоҷ, характер, қобилият, шахсият ифода мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор