Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

Хаёли азнавсозӣ чизи барои худ навро тасаввур кардани одам мебошад. Ин тасаввурот ба шарҳи калимагӣ ва ё тасвири шартии ҳамон чизи нав (нақша, схема, бо ёрии нота навиштан) такя мекунад. Ин намуди хаёл дар намудҳои гуногуни фаъолият, махсусан дар таълим васеъ истифода мешавад.
Талаба дар рафти аз худ кардани материали дар шакли калимагӣ ифодаёфта (нақли муаллим, матни китоби дарсӣ) бояд чизеро, ки ба мафҳумҳои нави азхудшаванда мувофиқат мекунад, тасаввур намояд.
Масалан, ҳангоми омӯхтани таърих талабаҳо бояд ҷои истиқомати одамони ибтидоӣ, аввалин олоти меҳнат, сару либосҳои давраҳои гуногун ва ғ.-ро хаёл кунанд. Ҳангоми омӯхтани география бояд ҷазира, нимҷазира, баҳру кӯҳҳоро тасаввур намоянд. Ҳангоми омӯхтани табиатшиносӣ бошад бояд растанӣ ва ҳайвоноти барояшон ношиносро хаёл кунанд.
Хаёли азнавсозӣ махсусан ҳангоми хондани адабиёти бадеӣ аҳамияти калон дорад. Талаба ҳангоми хондани китоб бо ёрии хаёли азнавсозӣ қаҳрамонҳоро тасаввур мекунад, манзараҳои табиат пеши назараш ҷилвагар мешаванд, худро иштирокчии бевоситаи ҳодисаҳои дар китоб навишташуда ҳис мекунад ва ғ.
Хаёли эҷодӣ – ин офаридани образҳои нав мебошад. Ин намуди хаёл дар ҳамаи навъҳои фаъолияти эҷодии одамон роли муҳим мебозад.
Эҷодиёт ё фаъолияти эҷодӣ – ин фаъолиятест, ки маҳсули наву нахустин бор ба вуҷудовардашуда ва аҳамияти ҷамъиятӣ доштаро медиҳад. Кашф намудани қонуниятҳои нави илм, ихтирои мошинҳои нав, ёфтани роҳҳои ҳосил кардани навъҳои растанӣ ё зоти нави ҳайвонот, офаридани осорҳои барҷастаи соҳаи адабиёту санъат ва ҳоказо ба ин мисол шуда метавонанд. Барои фаъолияти эҷодӣ инкишофи баланди мушоҳидакорӣ зарур аст.

пешина
аз 223
навбатӣ