Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

е) сустии нутқу ҳаракат; ж) давомдор будани ҳаяҷонҳо, андармон шуда мондани эмотсияҳо.
Ба ҷуз фарқҳои дар боло зикршудаи типҳои фаъолияти олии асаб, инчунин хусусиятҳоеро ҷудо мекунанд, ки бо бартарӣ пайдо кардани системаи якум (типи «бадеӣ») ва ё дуюми (типи «фикрӣ») сигналӣ дар одам алоқаманданд.
Ба одамони типи «бадеӣ» хос аст:
а) барҷастагӣ ва хушобурангии тасаввурот; б) тезии аксуламалҳои эмотсионалӣ ба ҳодиса; в) хуб дар хотира нигоҳ доштани чеҳраҳо, предметҳо, фактҳо ва бад ба хотира гирифтани истилоҳҳо, таърифҳо ва маънои асосии чизи хондашуда; г) майл ба эҷодиёти бадеӣ, илмҳои гуманитарӣ, муҳаббат ба театр, кино, адабиёти бадеӣ, санъати тасвирӣ; д) қобилияти хуби ташаккули малакаю маҳоратҳои дастӣ; е) пуртаҷриба будан; ж) зуҳуроти равшану ифоданоки мимика, имову ишораҳо.
Одамони типи «фикрӣ» чунин хусусиятҳоро соҳибанд:
а) нокифоя будани равшании эмотсияҳо, идрок ва тасаввуротҳо; б) бартарии тафаккури нутқӣ бар образӣ; в) хуб ба хотира гирифтани мазмуни умумии чизи хондашуда, истилоҳҳо, таърифҳо; г) боварии қатъӣ ба муошират; д) майл ба кори фикрӣ ва илмҳои дақиқ; е) қобилияти сусти ташаккули малакаю маҳоратҳои дастӣ, майл ба назариябозӣ; ж) камтаҷриба будан; з) аз мимика ва имову ишораҳо худдорӣ кардан.

пешина
аз 223
навбатӣ