Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Бояд қайд кард, ки чунин тақсимоти фаъолияти олии асаб то андозае шартӣ аст. Дар ҳаёт типҳои миёнаро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ба онҳо дараҷаи миёнаи қувваю серҳаракатӣ ва ҳоказо хос мебошад.
Дар одамон зери таъсири муҳити иҳотакарда ва тарбия характер – системаи муносибат ва рафторҳои одам ташаккул меёбад.
Характер пеш аз ҳама дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо одамон, дар муносибат ба кор ва ба худ зоҳир мешавад. Характер – ин пайвасти индивидуалии хусусиятҳои муҳими шахс аст, ки муносибати одамро ба ҳақиқат ифода мекунад ва дар рафтори ӯ зоҳир мешавад.
Одатан сухан дар бораи ягон хислати асосии характер меравад, ки дар он системаи муайяни сифатҳои шахсӣ ифода меёбад: равия ва ирода, сифатҳои ақлӣ ва эмотсионалӣ. Ҳангоми таҳлили характери ягон одами конкретӣ бояд шароитҳои ҷамъиятию таърихӣ, равиши тарбия ба эътибор гирифта шаванд, чунки онҳо ба ташаккули хислатҳои характер таъсир мерасонанд.
Ташаккули характер инчунин ба хусусиятҳои сохти системаи асаби одам, ба мувозинатӣ ё бемувозинатӣ, ба зӯр ё суст будани протсессҳои асабӣ вобаста аст.
Характер пайвасти хусусиятҳои системаи асаб ва таҷрибаи ҳаёт буда, дар шакли алоқаҳои муваққатии шартӣ устувор гаштааст ва омехтаи хусусиятҳои устувору тағйирёбандаи шахсро дар ҳаёту фаъолият, рафтор ифода мекунад.
Характер сохти мураккаби дар ҷараёни ҳаёту фаъолият ташаккулёфтаро соҳиб аст: системаи эътиқодҳо, системаи талаботҳои моддӣ ва маънавӣ, системаи ақлу хиради шахс, системаи ирода, ҳиссиёт; зуҳуроти яклухту томи ҳамаи инҳо нишондиҳандаи тарафҳои сифатии характер ба шумор мераванд. Характери одам аз хислатҳои муайян иборат аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор