Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ҚиссаАдабиётОила
Аз аввал хондан

Хайбар чун мурғи посӯхта думзанон дар атрофи ҳавлӣ чарх мезаду сарашро аз дари нимроғи хонаи хоби Собир дарун карда, дергоҳ ба ҳоли соҳибаш менигарист. Пас, ғамнок гардида, ба мобайни ҳавлӣ омада, дурудароз уллос мекашид. Барқ набуд, шаб чун дохили қабр торик менамуд. Садои вазидани шамоли сахту борону жола ва раъду барқи баҳорӣ бо уллоси имдодталабонаи Хайбар ҳамроҳ гардида, як садои ваҳмангези риққатоварро тавлид мекард. Аз торикии пурасрору садои даҳшатангези Хайбар хоб аз сари ҳамсоягон парида буд. Баъзеҳо, ки хобашон парида буд, дар сари болини гарм нишаста, ба фикр фурӯ рафта мегуфтанд: "Саги бобои Собир аз гуруснагӣ бошад ва ё ба сари худаш ва ё соҳибаш ягон балои азиме омада бошад, ки ин қадар бо алам ва дурудароз уллос мекашад?".
Баъзеҳо аз тарсу ваҳми ин садо сарҳояшонро таги кӯрпа карда, чуқур-чуқур нафас мебароварданд, зеро ки одамон аз қадимулайём мегуфтанд: Агар саг дар шаб балоро бинад, уллос мекашад, ки дар натиҷа зарари бало ба ягон шахси ин хонадон ва ё ба худи ин саг мерасад.
Дар баъзе китобҳо хонда будам ва аз пирони хирад ҳам шунидаам, ки мегуфтанд: "Зан – ҷафою саг – вафо" ва ё баръакс "Саг – вафою зан – ҷафо". Маънояш дар он зоҳир мегашт, ки аз зани бевафо дида, саги вафодор беҳтар аст. Шаҳодати тақдири баду бахти баргаштаи бобои Собир бори дигар инро исбот мекард. Ҳамсояи дасти рости бобои Собир Ҳабибуллоҳ доимо бо завҷааш, Мӯнисаи дилогоҳу фармонбардор мегуфт:

  • Ҳамсоя дар ислом ҳаққу манзалати бузурге дорад, ки Расули Худо (с) ҳамвора ба он таъкид намудааст, зеро он ҳазрат (с) мефармояд: "Ҳамеша Ҷабраил (ъ) маро дар мавриди ҳамсоя тавсия менамуд, то дараҷае ки гумон кардам, ки шояд ҳамсояро меросбари ҳамсоя қарор диҳад". (Ба ривояти Имом Муслим)
    Нигоҳубини ин пирамарди маризи яккаю танҳо ба зиммаи Ҳабибуллоҳу Мӯниса афтода буд, ки онҳо софдилона қарзи инсонию ҳамсоягии худро иҷро мекарданд. Ҳар субҳу шом Мӯниса бо як порчаи нону косаи ордбирён ва ё шир пирамарди бечораи дилшикастаро чун фарзандаш меҳмондорӣ мекарду савоби ҳарду оламро мегирифт. Аммо ҳамсояи мушфиқу ғамхораш, Ҳабибуллоҳу завҷааш Мӯниса, имшаб ба аёдати модари Мӯниса ба ноҳияи Файзобод рафта буданду пирамард аз як пораи нону косаи шири ҳаррӯза бенасиб монд, ки боиси авҷ гирифтани беморию маргаш гардид.
    Пирамард пӯсту устухон гашта, ҷисмаш кӯдаки даҳ-дувоздаҳсоларо мемонд. Замоне ӯ чун Исфандиёри рӯинтану Рустами Достон, човандози дашту паҳлавони майдон буд. Ҳангоме ки ӯ вориди майдони гӯштингирӣ ва ё савори аспи сиёҳмушкини ситорапешонӣ дашту саҳрои бузкашӣ мешуд, мардум ӯро бо кафкӯбию ҳуштаккашӣ пешвоз мегирифтанд. Баъзеҳо мегуфтанд:
пешина
аз 78
навбатӣ