Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • "Ана, Рустами Золи Соми Наремон омад! Кӣ бо ӯ қувваозмоӣ мекарда бошад? Магар Исфандиёри рӯинтанро ҷустан лозим меояд?".
    Афсӯс, сад афсӯс бо гузашти айём, тасодуфи зиндагӣ, пастию ноҳамвориҳои ҳаёти дунёӣ, дарду ғами нобаҳангом ва танҳоию бесоҳибӣ паҳлавони чун кӯҳ қавиҳайкалро ба чунин ҳоли зор овард. Дар ин ҳолату дар ин ҳангом Малакулмавт аз тарафи дасти рост, аввал дар ҳисоби амалҳои кардаи хайраш ва пас аз он дар талаби ҷони азизаш буд. Азозил (шайтон)-и раҷим бошад, аз тарафи дасти чап камин гирифта, чун сайёди чобуку моҳир қасди шабохун задан бар имонаш дошт.
    Ҳамоно бобои Собир мижа назада, сабр мекард ва ҷони азизашро ба осонӣ доданӣ набуд, зеро ӯ ҳанӯз дар орзуи дидори фарзанд буд. Ӯ аз даргоҳи Худованди ҷаббор хоҳони он буд, ки умрашро ду-се рӯзи дигар дароз кунаду Сабурҷонашро бубинад. Писари яккаю ягонаашро сахт ба оғӯш кашида, гарм-гарм аз рӯю рухсорааш бибӯсад ва аз сирру асрор, гуноҳҳои гузаштаи хеш иқрор шуда, насиҳат карда бигӯяд: "Худкардаро даво нест ва ҳар он чи ки бо падар кардӣ, подоши онро аз фарзандонат интизор шав!".
    Холиқи ҳарду ҷаҳон ба хотири риши сафеду дили шикастаи бобои Собир дуояшро иҷобат карду умрашро се рӯзи дигар дароз кард, лекин аз Сабурҷону духтаронаш дараке набуд. Пас, ноумед гардиду ашки ҳасрат аз ду чашмонаш чун чашмаи равон ҷорӣ шуд ва худро тасалло дода мегуфт: "Чӣ хуб шуд, ки се рӯз пеш ба дасти худ он "Зиндагинома"-ро иншо кардам. Шояд, пас аз марг ин нома ба дасти Сабурҷон расаду дар сари мазорам рафта, аз каломи Худованд оятеро хатм кунад".
    Сафедори баланд сад ғунчаю як барги тар дорад, Писар дар роҳи ишқ афтад, чӣ парвои падар дорад. Агар фарзанди қобил рафта аз ҳолаш хабар гирад, Вале фарзанди ноқобил гиребони падар дорад.
    ВАСИЯТИ ПАДАР БА ФАРЗАНДИ ХИРАСАР
    Пас аз марг охирин номаи бобои Собирро ҳамсоягон аз зери болинаш ёфтанд, ки бо дасти хеш онро пеш аз маргаш чун зиндагиномаю насиҳат ва васият ба фарзандаш, Сабурҷон, дар коғазе иншо намуда, печонда монда будааст.
    Дар он нома чунин сатрҳои ғамангез сабт гардида буд: "Сабурҷон, дон, ки ман – падарат, ҷавони 20-солаи зебою паҳлавоне будам. Падарам, яъне бобоят, инсони комилу фарди дилогаҳ буд, мехост, маро бо духтаре аз хонадони одамони накӯкору покнажод хонадор намояд. Ӯ мани нодонро борҳо насиҳат карда, панд медод ва бо масал мисолҳои зиёде оварда мегуфт:
  • Фарзанди азиз, дон, ки вақте хурӯсчӯҷа акнун ба воя мерасаду фарёдӣ мешавад, нахустин маротиба ба болои бом мебарояду садо баланд карда, фарёд мекунад ва қанотак зада, оҳиста-оҳиста қадам мегузорад. Ин хурӯсчӯҷаи нодон хаёл мекунад, ки ӯ ниҳоят бузургу паҳлавон ва вазнин аст, то ки боми хона аз қадамзаниҳои ӯ фурӯ наравад, аз ҳамин сабаб оҳиста-оҳиста қадам мегузорад. Ва ё баъзе аз ҷавонони навхурӯш мегӯянд: "Синнам дар бист – ҳарифу ҳамдастам кист ва ё чист?". Дар синну соли ҷавонӣ хуни инсон дар ҷӯш аст ва марди ҷавон худро ниҳоят ғаюру далеру пурқувват меҳисобад, вале дар асл ин тавр нест.
пешина
аз 78
навбатӣ