Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
(42) Ва пас афдам аз дасти душманон ба Зобулистон гурезад ва ба он сӯй шавад ва аз он ҷо сипоҳи роста бозгардад ва аз он фарози мардуми Эроншаҳр ба ноумедии гарон расад ва меҳтару кеҳтар ба чорахоҳӣ расанд ва паноҳи ҷони хеш нигаранд.
(43) Ва пас аз он аз наздикии бори44 дарё Пазишхоргар марде меҳри эзадро бубинад ва меҳри эзад басе рози ниҳон ба он мард гӯяд.
(44) Пайғом ба Пазишхоргаршоҳ фиристад, ки: «Ин худованде кару кӯр чаро дорӣ? Ва ту низ худовандӣ чунон кун, чунонки падарон ва ниёкони ту ва шумо карданд».
(45) Ба он мард гӯяд, ки: «Ман ин худовандиро чӣ гуна шоям кардан, ки маро он сипоҳи гванд ва ганҷу сипаҳ сардор нест, чунон ки падарон ва ниёкони маро буд?»
(46) Он пайғомбар45 гӯяд, ки: «Биёвар,46 то туро ганҷу хоста аз падарон ва ниёкони ту беш супорам». Ӯро аз ганҷи бузурги Афросиёб бештар намояд.
(47) Чун ганҷ ба даст овард, сипоҳи гванди Зобул орояд ва ба душманон шавад.
(48) Ва чун душманонро огоҳӣ расад, турку тозӣ ва урумӣ ба ҳам оянд, ки: «Пазишхоргаршоҳро гирем ва он ганҷ ва хоста аз он мард бистонем!»
(49) Ва пас он мард чун он огоҳӣ шунуд, бо бас сипоҳи Зобул ба миёни Эроншаҳр ояд ва бо он мардумон ба он дашт, чунон ки ту Гуштосп бо хийунони сапед47 ба сапедарзӯр48 кардӣ, бо Пазишхоргаршоҳ кӯшиш49 ва корзор фароз кунад.
(50) Ва ба нерӯи Яздон Эроншаҳр фарраи каён ва фарраи дини маздояснон ва фарраи Пазишхоргар ва Меҳру Сурӯшу Рашну Обону Озарон ва оташони корзори авир (бисёр) шефтагӣ кунанд ва аз эшон беҳтар оянд, аз душманон чандон бикушанд, ки мара50 натавон гирифт.
(51) Ва пас Сурӯш ва нерӯсанг Пишутан писари шуморо ба фармони додор Ҳурмузд аз Кенгдизи Каён биянгезанд.
(52) Ва биравад писари шумо Пишутан бо 150 ҳовушт,51 ки эшон падмузони52 сапеду сиёҳ ва дасти (фараи) ман ба дирафш то ба порс, он ҷое ки оташ ва обон нишастаанд, (барқароранд). Он ҷо яшт кунанд.
(53) Чун яшт сар биравад, зуҳар ба об резанд ва он оташро зуҳар диҳанд ва друвандон ва девиснонро чунон ба ӯ сиҳанд,53 чунон ки ба зимистони сард барги дарахтон бихушкад.
(54) Ва ҳангоми гург бишавад ва ҳангоми меш андар ояд. Ва ҳушидари зартуштиён ба намудории дин падид оянд ва аноия ва друшак сар ояд ва ромишу шодиву хуррамӣ бибошад.54 АЙЙОТКОРИ ЗАРИРОН1
[1] Инро Аййоткори Зарирон хонанд ва он вақте навишта шуда ки Виштоспшоҳ або пурону биродарону воспуҳракону ҳамҳарзони (барушнон) он дини вижаи Маздеснон аз Аҳурмузд пазируфт.
[2] Ва пасон ба Арҷоспи хийунон азд (хабар) омада (мерасад) ки Виштоспшоҳ або пурону биродарону воспуҳракону (шоҳзодагон) ҳамҳарзони хвеш он дини вижаи Маздеснон аз Аҳурмузд пазируфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор