Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

[3] Бад-ишон гарон (душворӣ) буд. [4] Ва аз [ҷониби] ишон Видрафши ҷодуву Номхости Ҳазорон або ду бевар (20 ҳазор) сипоҳи гузида ба сафорат ба Ироншаҳр фиристода шуд.
[5] Ва пас Ҷомоспи сардори пенишиникон (вазирон?) ба даруни [кох] андар шуд ва ба Виштоспшоҳ гуфт, ки аз [ҷониби] Арҷоспи Хийунон-хватой 2 фиристода омад[а], ки дар шаҳри хийунон аз ишон хубчиҳртар [зебоҷиҳратар] кас нест.
[6] Яке Видравши ҷодусту ва он дигар-ш Номхвости Ҳазорон або 2 бевар сипоҳи гузида омадаанд ва фравартак (нома) дар даст доранду мегӯяд, ки моро ба пеши (ҳузури) Виштоспшоҳ биҳилед.
[7] Виштоспшоҳ гуфт ки пеши ман биҳилед-шон. [8] Ва ишон андар шуданду ба Виштоспшоҳ намоз бурданду у фравартакро [бад-у] бидоданд.
[9] Пароҳими маҳисти (бузургтарин) дабирон бар пой истоду (рост истода) фравартакро ба [овози] буланд бархонд.
[10] Ва бар фравартак (нома) идун (чунин) навишта буд ки «Ман шунидам, ки шумо бузургон ин дини вижаи Маздеснон аз Уҳрмузд (Ҳурмузд) пазируфтаед…ва агар онро пасон ҳам боз медоред, шояд ба мо зиёни гирону (гирон зиёну) душворӣ бирасад».
[11] «Агар шумо бузургон тасмим бигиред, ки ин дини вижа меҳиледу (мегузореду) боз бо мо ҳамкеш мешавед, худоии (фармонфармои) шуморо бипарастем (иътироф бикунем) ва ба шумо сол ба сол зару сими бештар бидиҳем ва бас аспи неку (хубу) ва гоҳе (тахти?) шаҳрдорӣ».
[12] «Ва агар шумо ин дини вижа намеҳилед (намегузоред) ва бо мо ҳамкеш намебувед, бар сари шумо ҳуҷум (овард) биоварем, ҳамаро сарбасар вайрон бикунему бисӯзем ва аз шаҳру (кишвари) вардаки (?)шумо ҳарчӣ аст дупой бигирем ва бандагиву душворӣ бифармоем ».
[13] Ва Виштоспшоҳ чун он сухан шунид, бад хорӣ-ш (душворӣ-ш) омад.
[14] Пасон он таҳам сипоҳбади так (диловар) Зарир чун дид, ки Виштоспшоҳ нийодак (ҳафсон?) буд, назди шоҳ бирафт (?).
[15] Ва ӯ ба Виштоспшоҳ гуфт, ки «Агар шумо, бузург саҳед (розӣ бошед, биписандед), ман ин фравартакро фармоям посух бидиҳанд?»
[16] Виштоспшоҳ фармон дод то ба фравартак посух кунад.
[17] Ва он таҳм сипоҳбади так Зарир фармуд посухи фравартакро ин тавр карданд, ки «Аз Виштоспшоҳ Ирондаҳйубад ба Арҷосии Хийуноншоҳ друд».
[18] Нухуст ин ки мо ин дини вижаро боз (дигар) набиҳилем (набигзорем) ва бо шумо боз (дигар) ҳамкеш набувем ва мо ин дини вижаи аз Оҳармазд (Ҳурмузд) пазруфтаро набиҳилем ва дигар мо ануш(ак) бувем.
[19] Он ҷо ба Ҳуштоспи Развар ва Мурви Зартуштон, ки на кӯҳи буланд ва на вари (ғори) жарф доранд – ҳомунест ки пиёдаву савора ҳар тараф давида битавона(н)д.
[20] Он ҷо шумо аз он ҷо биёед ва мо аз идар (ин ҷо) биёем ва шумо моро бибинед ва мо шуморо бибинем.

пешина
аз 314
навбатӣ