Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
[84] У ба сардори охур фармуд то асп зин кунанд ва Биствар бар он нишаст ва асп фароз гузошт ва душманон фаровон бикушт (ва ниҳоят) то бад-он ҷое расид ки мурдаи таг (диловар) падараш он ҷо буд.
[85] Ӯ дар замон напойиду гуфт: «Ало, падари ҷонам, авзунат (хушбахтӣ?) кӣ бибурд? Ало ай Варози падар, хуни ту ки бирехт? Ало, он бораки чун мурғи паррони ту кӣ бибурд?».
[85] «Ту ҳаме (хоҳиш) доштӣ ки бо хийунон корзор кунӣ ки акнун худатро афкандаанд ?»
[86] Ва акнун мӯйи ту ҳама парешон аст ва риши ту ошуфта аз бод ва тани вижаи (зебои) ту зери суми аспон ва хок ба гиребони ту нишаста. Ва ҳамакнун чӣ кунам ки аз асп фуромадан натавонам то сарат дар кинорам бигираму хок аз гарданат (сару руяш) бийафшонам чи ман бар асп дигар сабук (осон) бар нишастан натавонам?
[87] Накунад ки хийунон бирасанду маро бикушанд ва дигарбора лоф бизананд ки мо Зарири сипаҳбади Иронро бикуштем ҳамчинин Баствари писари ӯро.
[88] Пас Баствар асп биронду душманонро куштан гирифт то назди Виштоспшоҳ бирасид ва бигуфт ки ман бирафтам ва дидам ки Ирониҳо хуб разм мекунанд [ ва ҳам озодагони дарбор] ?
[89] Ва ман мурда дидам таҳ(а)м сипаҳбади Зарирон так-падари хеш ва агар шумои Бағ (Бузург) мехоҳед, маро биҳилед то назди падар(ам) биравам ва кине ӯ бихоҳам (бистонам).
[90] Пас Ҷомоспи битахш гуфт, ки биҳил то ин ридак (ҷавон) разм биёварад то худро хушбахт бигардонад.
[91] Пас Виштоспи фармуд то аспро зин кунанд [барояш]. [92] Ва Виштоспшоҳ бар тахти худ бар нишаст, аз тирдони хеш тире баркашид бад-ӯ доду офаринаш бикард ва бигуфташ ки «акнун тир аз ман ба парвоз бошад ба ҳар кас(?), ба ҳар разм пардозии ту пирузгарат бувад то ту номвор бувӣ ҷовидон ва душманон мурда бодо ҷовидона».
[93] «Ва акнун ки ту мехоҳӣ аспу дирафш дошта бошӣ ва сари сипоҳи Ирон фармонфармои бикунӣ ҷовидона, бошараф бош ҷовидона(?)
[94] Пас Баствар аспи худро [ба ихтийёриш] фароз ҳилид (гузошт) ва ба душман чунон кушишу корзор кард ки Зарири сипоҳбади Ирон кардӣ.
[95] Пас Арҷоспи хийунонхудоӣ аз сари куҳ нигоҳ карду гуфт, ки «Он аспи кадом так (диловар) аст, ки гурдвор асп дорад, гурдвор зин (зену афзор) дорад ва корзор чунон кунад, ки Зарири сипоҳбади Ирон кардӣ?»
[96] …У аз тухмаи Ваштоспон аст ва кини Зарир хоҳад… [97] [Шоҳи Хийунон гуфт:] «Кист аз шумо касе, ки баравад ва бо он ридак бичахад ва ӯро бикушад то ман ба ӯ Биҳистони духтари хеш ба занӣ-ш бидиҳам, ки дар ҳама (саросари) шаҳри Хийунон аз ӯ хубчиҳритар зан нест?»
[98] «Ва ӯро дар [саросари] ин шаҳри (кишвар мамлакати) Хайунон битахшаш (фармонфарморо-ш) кунам, чи агар ин ридак то ба шаб зинда мемонад ва он лаҳза дур нест ки ҳамаи Хийунон зинда касе фароз нахоҳад монд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор