Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

[70] Пас Виштоспшоҳ ба сари куҳ нишаст ва ӯро дувоздаҳ дувоздаҳ бевар (даҳ ҳазор) лашкар буд ва Арҷоспи Хайунонхвадой [низ] ба сари куҳе нишаст ва уро дувоздаҳ дувоздаҳ бевар лашкар буд.
[71] Ва ӯ таҳм сипоҳбади так Зарир чунон корзорро оғоз кард, ки тӯ гуӣ оташ дар найистон уфтоду. боде вазон онро кумак кард ва шамшер аз ниём кашиду ба як бор 10 хийунро бикушт ва 11-и дигарро бо хиш бикушт ва чун гуруснаву ташна бишуд, хуни хийунон бидиду шод бишуд.
[72] Ва пас Арҷоспи хийунонхватой аз сари куҳ нигоҳ кард ва гуфт ки аз миёни шумо хийунон кист ки бо Зарир биҷангад ва у таҳам сипаҳбади Зарири такро бикушад то Зарситуни духтари хеш ба занӣ-ш бидиҳам ки дар ҳамоди (саросари) шаҳри Хийунон аз ӯ зеботар зане нест.
[73] Ва ӯро ба ҳама шаҳри (кишвари) хийунон ҳаким кунам чи агар то шаб Зарир зинда бошад, аз мо хийунон ҳич касе зинда боз напояд.
[74] Пас он Видафиш ҷоду ба по бар хесту гуфт, ки «маро инҳо зин созед то ман биравам».
[75] Ва аси зин барош карданд ва Видрафши ҷоду бар нишаст (бар асп) ва жупини сеҳрнок ки девон бар дӯзах ба хишм сохта буданд, ва бо заҳри мор андуда буданд…ба даст гирифту ба разм даромад ва дид, ки Зарир чун (чунон) таг (диловарӣ) кунад, ки ба пешаш фароз рафтан наёрист.
[76] Ва ӯ ниҳонӣ аз паси Зарир фароз расид ва ӯро аз зер бо камарбанд ва аз боло бо кустак бизад ва ба дили ӯ шамшер бигузоронд ва ӯро ба замин бийафканд ва пас парриши [тирҳои] камонҳо фуру нишонда шуд ва ҳам бонги таг мардум (мардуми диловар) баромад...
[77] Пас Виштоспшоҳ аз сари кӯҳ нигоҳ карду гуфт, ки ба пиндори ман Зарири сипаҳбади Ирон кушта шуд чи дигар акнун на парриши [тири] камонҳо асту на бонги таг мардуми (мардони диловар).
[78] Аз шумо Ирониён кист ки кини Зарирон хоҳад то ба ӯ он Ҳумойи духти худам ба заниш бидиҳам ки дар ҳама шаҳри (кишвар) Ирон ҷоне аз ӯ хубчеҳра (зеботар) нест.
[79] Ва кушки Зариру сипоҳбадии Ирон ба ӯ бидиҳамаш? [80] Касе ҳич аз ягон посух надод ба ҷуз он пури Зарири кӯдаки ҳафтсола.Ӯ ҳамоно фароз ба по истоду гуфт ки маро асп зин кунед то ман ба сари размгоҳи Ирониён бишавам (то ман виспуҳри (мирзон) Виштосипонро бибинам) ва он таҳм Зарири (сипаҳбадро) падарамро, зинда аст ай мурда чун аст (хабараш), - пеши шумои бузург биёварам.
[81] Пас Виштоспшоҳ гуфташ ки «Марав ту ки ҳанӯз нобурноӣ ва дар разм ҳолиё парҳезро надонӣ ва ангушти ту ҳанӯз ба тир намечаспад(?)».
[82] Туро агар ҳийуние як мекушад чунонки Зарирро кушта пасон ҷор мезанад ки «ман Зарири сипаҳбади Ирониёнро куштам ва ҳам писари ӯ Бастварро».
[83] Пас Биствар ба сардори охур ба ниҳон гуфт ки «Виштосп фармон дод ки он асперо ки Зарир дар кудакӣ савор мешуд, ба Баствар бидиҳад».

пешина
аз 314
навбатӣ