Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан- Дар бахшиш ба дарвешон нофармониву сарсахтӣ макунед. Бингаред, ки чӣ гуна ночор бишавед. Шоҳиву дороӣ биравад, моли бекарону ишқу ошиқиву дарвешӣ бигзарад.
- Ин ҷо зиндагӣ андак, он ҷой роҳ дур ва душмани шигифту довари росткирдор, кирдори нек ба вом наёбанд ва дуруду пора кор накунад ва барои тану равон напазиранд, магар касе ки кори нек беш карда бошад. (Ҷуз ин) аз фарози пули Чинвод гузаштан натавон. Он ҷой довароне (ҳастанд) росткирдор чун Меҳру Рашн.
- Аз некон бош, то биҳиштӣ бошӣ. 9. Афсӯс макун, то фараҳманд бошӣ, чӣ некиву бадкирдорӣ ба ҳар гоҳу ба ҳар кас шояд будан.
- Гетӣ ба сипанҷ дору тан ба осоиш, некӣ ба кирдор дору гуноҳ ба ранҷ [дур кун] ва менуро ба кирдори хеш (ба даст ор).
- Ин низ гуфта шуда, ки ҳар кас бояд бидонад, ки аз куҷо омадаам ва чаро ин ҷоям ва боз ба куҷо бояд равам ва аз ман чӣ хоҳанд.
- Ва ман ин донам, ки аз пеши Худо Ҳурмузд омадаам ва барои сутӯҳ кардани (деви) дурӯғ ин ҷоям ва боз ба пеши Худо Ҳурмузд бояд равам. Аз ман росткорӣ хоҳанд ва вазифаи доноён омӯзиши хирад ва пиростани хӯ (аст).
- Ҷовидон бод равони шоҳаншоҳ Хусрави Каводон, ки ин андарз кард ва ин фармон дод. Чунин бод.
Анҷомид ба дуруду шодӣ.
ХУСРАВИ КАВОДОН ВА РЕДАК1 - Эрон Виноради Қубодии Редагӣ Воспуҳар ном даст ба сина пеши шоҳаншоҳ истод.
- Бисёр ситоиш ва дуо кард. 3. Гуфт, ки шоҳаншоҳи анӯша ва ҷовидон худованди ҳафт кишвар ва команҷом бошад.
- Ниюшидан фармоид: Дудаеро, ки ман азаш будам, ба шукронаи ниёкони некӯйи шумо ҳама номвар ва тавонгар (ва) комраво буданд.
- Ононро хоста ба (ҳадди) зарурати хеш буд. 6. Маро он падар ба кудакӣ даргузашт ва модар(е)- ро, ки ман писараш будам, ба ҷуз ман дигар писар набуд.
- Аз баҳри эшон ман тавассути васии падар, бо сарвате ҳангуфт, ба хӯриши гуна-гуна ва ҷомаи хоб чобук (ва) некӯ нигаҳдорӣ шудам.
- Ба ҳангом ба мадраса фиристода шудам ва ба фарҳанг омӯхтан сахт шитофтам.
- Яшт ва Ҳодохт ва Буғонясн ва Вандидодро ҳирбадона ҳифз кардам (ва) ҷой-ҷой ниюшидани Зандро оғоз кардам.
- Маро дабирӣ он гуна аст, ки хубнавис ва тунднавис, борикдониш, комгорангушт ва фарзонасухан ҳастам.
- Маро саворӣ ва камонварӣ он гуна аст, ки фаррух ёбад ба доштани он дигареро, ки аз баробари сари асб ман андар тавон гузаштан.
- Маро найзаварӣ он гуна аст, ки бадбахт бояд ба доштани он саворро, ки бо асб ва найза ва шамшер ба разм ва ҳамнабардии ман ояд ва низ ба аспрес чавгонро бехастагӣ ва дамон, низ ба нофармосояндагӣ (ба) зери тангу бари сари асб, бегумон чунон занам, чун рӯйгаре, ки осори чакуши (у) ҳама бар як ҷой пайдо аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор