Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Ба зиёфат(ҳо) дурун ва барбат ва танбур ва канор ва (сурудани) ҳар гуна суруд, чакома ва низ дар пайвожа гуфтан (ва) рақсидан мард(ӣ) истодам.
  2. Ва дар амри (марбут ба) ситорагон, сайёрагон чунон андар шудаам, ки онҳо(е), ки андар он пеша ҳастанд, ҳамагӣ дар баробари ман чизе хӯранд.
  3. Ва дар шатранҷ ва (бозии) нард ва ҳаштпой кардан аз рақибон фарозтарам.
  4. Барои ду гуна бастан дар замб поинтар аз Вандоди гушнасаб нестам.
  5. Аммо акнун дуда(ам) ошуфтаву низору табоҳ бишуд ва модар низ ба биҳишт шуд.
  6. Ва агар шуморо ба азамати Яздон писанд афтад, ба ҳоли ман таваҷҷӯҳ фармоед.
  7. Шоҳаншоҳ ба Редаг гуфт, ки агар ту, Редаг чунин хушорзу ҳастӣ (ва) хӯйи ту ба хӯриши хуш ва ҷомаи зубу чобук андар будааст, бигӯ, ки кадом хӯрише хуштар ва бомазатар аст.
  8. Редаг гӯяд, ки ҳафт кишвари Худой анӯша (ва) комгор (бод), бифармоед шунудан! Он хӯрише, ки андар гушнагӣ ва тандурустӣ ва бебимӣ хӯранд, хуштар ва бомазатар аст.
  9. Аммо он бузғолаи думоҳаро, ки ба шири модар ва низ он гови парварда шудааст, Рӯдан, мӯй баргирифта (ва) чун ба обкома андуда (шуд), хӯранд, бомазатар аст ё синаи гови фарбеҳ(ро) сапед бо (навъе суп) хуб пухтан (ва) бо шукру табарзад хӯрдан.
  10. Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост пиндошт. 23. Дигар фармоид пурсидан, ки кадом мурғе хуштар ва бомазатар аст?
  11. Редаг гӯяд, ки анӯша бошед. Ин чанд мурғ ҳама хуш ва неканд:
  12. Товус, дурроҷ ва курк, тазарв ва тиҳу, сапеддунб, сурхпарак ва...(?) ва ...(?) ва чакова, ...(?) парварда ва куланги нар ва чарз (ҳубара), тирмоҳӣ, кабки анҷир ва хашансор ва мурғобй.
  13. Аммо бо курки хонагии нар, ки бо шовдонаву комаи ҷавин ва равғани зайтун парварда шуда бошад, ҳеҷ мурғ баробар нест. (Бояд худро) ранҷа кардан (ва) қаблан дар ҳамон рӯзи куштани Рӯдан (ва) ба пой овехтан ва рӯзи дигар ба гардан овехтан (ва) бо шӯроба бириштан. Аз он мурғи хуш(маза) он (гӯшти) пушт хуштар ва аз (гӯшти) пушт он хуштар, ки ба дунб наздиктар аст.
  14. Шаҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 28. Се дигар фармоид пурсидан, ки аз он (чи), ки биафсурда ниҳанд, кадом гӯште хуштар аст.
  15. Редаг гӯяд, ки анӯша бошед. Ин чанд гӯшт ҳама хуш ва неканд:
  16. (Гӯшти) гову гуру гавзан, гурозу бачаи шутур, гӯсолаи яксолаву говмешу гӯри хонагиву хуки хонагй.
  17. Аммо дар мавриди гӯри нар, ки бо юнҷа ва ҷав парварда шудааст ва пийа надорад, онро ба сар, ки турш молидан ва (ба он) ба оин чошнӣ диҳанд (ва сипас) (гӯшти) пушти онро барои ҳалом бигзоранд; афсурдаи он беҳтар ва хуштар аст.
  18. Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 33. Чаҳорум фармоид пурсидан, ки хомизӣ латифтар аст? 34. (Редаг) гӯяд, ки анӯша бошед. Хомизи харгӯш латифтар ва асбруд (бо қарқара) хушбӯтару номвару бомазатару дилтазарви хушгувортар аст.
пешина
аз 314
навбатӣ