Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан- Аммо бо (хомизи) оҳуи модаи сатарван, ки афсурда шудааст ва пиҳ надорад ҳеҷ хомиз(е) баробар нест.
- Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 37. Панҷум фармоид пурсидан, ки (аз) аз ширини(ҳо) кадом беҳтар ва хуштар аст.
- Редаг гӯяд, ки анӯша бошед, ин чанд ширинӣ ҳама хушу неканд:
- Ба тобистон он лавзина ва ҷавзина ва ҷавзи афрӯша ва чарби афрӯша ва чарби ангушт, ки аз чарз ё аз он оҳу созанд (ва) ба равган гирду биришта созанд.
- Ба зимистон он лавзина, шафтина ва барфина, табарзад ва гашнизи гулоб.
- Аммо бо (шириние, ки бо) парвардаи оби себ ва ба симин сохта шуда бошад, ҳеҷ ширинӣ баробар нест.
- Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 43. Шашум фармоид пурсидан, ки кадом анбае хуштар аст.
- Редаг гӯяд, ки анӯша бошед, ин чанд анба ҳама хушу неканд.
- Хиёр – бодиринг, ки бо пуст хӯранд беҳ ва занҷабилу ҳалила ва гирдӯи тозаву бодиринг ва бҳарман (кунгури ваҳшии сапед).
- Аммо бо занҷабили чинӣ (ва) ҳалилаи парварда ҳеҷ анба(е) баробар нест.
- Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 48. Ҳафтум фармоид пурсидан, ки кадом доринае хуштар аст.
- Редаг гӯяд, ки анӯша бошед, ин чанд дорина ҳама хушу неканд:
- Норгил, ки бо шак(к)ар хӯранд (ва онро) ба ҳиндӣ «аноргил» хонанд ва ба порсӣ «ҷавзи ҳиндӣ» хонанд.
- Пистаи ваҳшӣ, ки бо шӯроба биришта кунанд, нахӯди тоза, ки бо обкома хӯранд.
- Хурмой ҳайрае, ки бо гирду оганда бошад, пистаи тоза ва шафтолуи арманӣ, балут, шоблут ва шак(к)ар ва табарзад.
- Аммо пайваста бо шоҳдонаи сиёҳи ҷангалӣ, ки бо пиҳи позан биришта шуда бошад, ҳеҷ дорина(е) баробар нест, чи ба
хӯрдан хуш, дар даҳони хушбӯй, дар шикам хушгувор ва барои он кор низ бартар аст. - Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт. 55. (Ҳаштум фармоид) пурсидан, ки кадом май беҳтар ва хуштар аст.
- Редаг гӯяд, ки анӯша бошед, ин чанд май ҳама нек ва хушанд:
- Майи кинӣ2, ки онро нек ороянд ва майи ҳиротӣ ва майи марварӯдӣ ва майи бастӣ (ва) бодаи ҳалвонӣ.
- Аммо пайваста бо майи осурӣ (ва) бодаи бозарангӣ ҳеҷ май баробар нест.
- Шоҳаншоҳ писандид ва онро рост дошт. 60. Нуҳум фармоид пурсидан, ки кадом хунёгарӣ хуштар ва беҳтар аст?
- Редаг гӯяд, ки анӯша бошед, ин чанд хунёгар ҳама хуш ва неканд.
- Чангсароӣ, вансароиву канорсарову сурпиксарой ва мустаксароиву танбӯрсароӣ, барбатсароиву нойсароиву дунбулаксароӣ, ...(?) ва дираки расанбозиву занҷирбозиву дорбозиву морбозиву чанбарбозиву тирбозиву тосбозиву бандбозиву андарвойбозӣ, ...(?), ...(?), танбӯрбузург (сарой), сипарбозӣ, зинбозиву гӯйбозиву зилбозӣ (?), шамшербозиву дашнабозиву гурзбозиву шишабозиву кабибозӣ. Ин чанд хунёгар ҳама хуш ва неканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор