Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро рост дошт.
  2. Сездаҳум фармоид пурсидан, ки кадом борае беҳтар аст?
  3. Редаг гӯяд, ки анӯша бошед. Ин бора(ҳо) ҳама неканд: асбу астар ва шутури давандаву сутури пайк.
  4. Аммо пайваста бо бораи говистонӣ(=суғдӣ) ҳеҷ бора(е) баробар нест.
  5. Шоҳаншоҳ писандид ва он (сухан)-ро хуб дошт. 105. Пас шоҳаншоҳ Моҳхусрав – писари Анӯшхусрав фармуд, ки замоне ба кори ин Редаг баррасид (ва) дувоздаҳ ҳазор дирҳам пар (бад-ӯ) диҳед ва он чӣ, ки ин Редаг гуфт, ҳар рӯз ба озмоиш гузорид (ва) ҳар рӯз хуриш(е)-ро, ки ин Редаг гуфт, ороста ва пероста пеши мо доред, то (онро) баррасем.
  6. Ӯро ҳар рӯз чаҳор динор фармуд додан. 107. Пас аз он (ба) моҳҳое чанд Редаг бар дари шоҳаншоҳ омад ва дарбони солорро ба пеши шоҳаншоҳ фиристод.
  7. Ӯ ба нома чунон навишта буд, ки анӯша бошед, (эй) бартарини мардон! Аз (он) ганҷи шоҳаншоҳ бахшида ба саршории хӯрок чобук (ва) беоҳу (солим) ҳастам.
  8. Ва агар шуморо писанд афтад, дар кори мо басазо нигариш фармоед кардан. Ва ҳангоме ки андар он (кор) шоҳаншоҳ қазовате тамом кард.
  9. Охури бадсолор фароз шуд, ба шоҳаншоҳ гуфт, ки анӯша бошед, (эй) бартарини мардон, огоҳ фармоед будан, ки ду шер омад, ки рамагони асбро аз ҷои хеш сапӯхта дорад.
  10. Агар шуморо писанд афтад, он шеронро аз рамагони асб боз фармоед доштан.
  11. Шоҳаншоҳ дар замон Редагро ба пеш хост ва гуфт, ки ҳунар ва шоистагии ту бояд, то он шеронро зинда ба назди мо овард.
  12. Ва Редаг ба ҳамон замон рафт. 114. Дар роҳ занеро дид бас некӯ. 115. Редаг ба он зан гуфт, ки агар туро писанд афтад, манро биҳил, то бо ту ком гузорам.
  13. Зан бе Редаг гуфт, ки агар он гуноҳон, ки то имрӯз ман кардаам, ту бипазирӣ ва он савобҳо, ки ту то имрӯз кардаӣ, ба ман бисупорӣ, туро биҳилам, то бо ман ком гузорӣ.
  14. Ва Редак низ дар замон (аз) пеши он (зан) бозгашту рафт ва он шаҳват нагузорид.
  15. Сӯй гузори шерон рафт ва бар гузори шерон бинишаст ва ҳар ду шерро ба каманд бигрифт ва зинда ба пеши шоҳаншоҳ овард.
  16. Шоҳаншоҳ шигифт омад (ва) ба Редаг гуфт, ки бишав, шеронро биявжан ва Редаг рафт ва шеронро биявжид.
  17. Ва сипас Редагро ба кишвар бузургмарзбон фармуд кардан.
  18. Пас аз огоҳӣ ба шоҳаншоҳ расид (ки) ҳангоме ки Редаг ба гирифтани шер(он) шуд, дар роҳ зане дид ба (сӯи) он зан шуд ва занро чӣ гуфт ва он зан ба Редаг чӣ посух дод ва Редаг аз он ҷо фароз рафт ва он шаҳват беҳ нагзорид.
  19. Ва шоҳаншоҳ чун он сухан шунуд, гуфт, ки он Редаг бисёр бихрад буд, ки гуноҳон беҳ напазируфт ва он шаҳват беҳ нагузорид ва раҳо кард.
  20. Ҳон! Кист ӯ, ки то буд, ҳама ин корҳоро (ки) гуфт, анҷом дод.
пешина
аз 314
навбатӣ