Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Редагро гоҳу поя бузург шуд ва аз он пас (вайро) ба наздики хеш дошт.
  2. Анӯшаравон бод Хусрави шоҳаншоҳи Пурқубод ва он Редаги хушорзу. Эдун бод!
    Фарҷом ёфт ба дуруд, шодӣ, ромиш.
    ЧИДА АНДАРЗИ ПАРЙУТКЕШОН1
    Ба номи Яздон
  3. Парйуткешони нахустдонишон ба пайдоӣ аз дин гуфтаанд, ки ҳар мардум, ки ба синни понздаҳсолагӣ расад, он гоҳ ин чанд чизро бояд донад, ки кистам ва ба кӣ пайванд дорам ва аз куҷо омадаам ва боз ба куҷо шавам ва аз кадом пайванду гуҳарам ва дар ҷаҳон вазифаам чист? Ва музди менуии ман чист? Ва аз мену омадаам ё дар гетӣ будам? Аз Ҳурмуздам ё аз Аҳриман, аз Яздон ё аз девон, аз неконам ё бадон, мардумам ё дев, роҳам чанду динам кадом ва судам чию зиёнам чӣ ва дӯстам киву душманам кӣ? Бунёдам як ва ё ду? Аз кӣ некиву аз кӣ бадӣ ва аз кӣ рӯшноиву аз кӣ торикӣ ва аз кӣ хушбӯиву аз кӣ бадбӯӣ ва аз кӣ доду адл, аз кӣ бедодӣ ва аз кӣ бахшояндагиву аз кӣ нобахшояндагӣ?
  4. Акнун баргузинандаи далел даст бар ниҳад чунинаш аз рӯи дин ё миёнҷигарӣ аз роҳи хирад бегумон донистан сазадаш, ки аз мену омадаам, дар гетӣ набудам, офаридаам, пеш набудам, аз Ҳурмуздам, на аз Аҳриман, аз Яздонам, на аз девон, аз неконам, на аз бадон, мардумам, на аз дев, офариниши Ҳурмуздам, на офариниши Аҳриман, пайванду гуҳарам аз Каюмарс ва модарам – Спандармад, падарам – Ҳурмузд, сиришти мардумам аз Маҳрийаву Маҳрийона, ки ононро нахуст пайванду гуҳар аз Каюмарс буд.
  5. Анҷоми вазифа ва дайни ман ин аст, ки дар андеша бояд дошт, ки Ҳурмузд ҳаст, ҳамебуд, ҳаме хоҳад буд ва худоии ҷовидон, бекарон ва пок дорад. Аҳриманро ба нестӣ ва вайронӣ андешидан ва хештанро аз Ҳурмузду амаҳраспандон доштан ва аз Аҳриману девону девпарастӣ ҷудо будан.
  6. Ба гетӣ нахуст дар дин устувор будан, онро пуштибону ситоишгару бегумон будан, бовар ба дини беҳини маздиснон доштан. Суд аз зиёну гуноҳ аз савоб, некӣ аз бадиву рӯшноӣ аз торикӣ ва маздопарастӣ аз девпарастӣ баргузидан.
  7. Ду дигар – зан кардану пайванд дар ҷаҳон ба бар овардан, бад-ин кӯшо будан ва бовар доштан.
    6-7. Се дигар киштану коридан. Чаҳорум гӯсфандонро аз рӯи доду адл парваридан.
  8. Панҷум сеяки рӯзу сеяки шаб ба ҳирбадистон шудан ва хиради росткирдорон пурсидан, сеяки рӯзу сеяки шаб кишту ободонӣ кардан ва сеяки рӯзу сеяки шаб хӯрдану оромишу осоиш кардан.
  9. Ва бад-ин бегумон будан, ки аз савоб суду аз гуноҳ зиён ва дӯстам Ҳурмузду душман Аҳриман ва роҳи дин якест. Яке роҳи ҳумат,2 ҳухт,3 ҳуваршт,4 биҳишт – рӯшноии бекарони офаридагон Ҳурмузд, ки ҳамебуд ва ҳамебувад.
  10. Яке роҳи душмат5, душҳухт6, душҳуваршт7, торикиву каронамандиву8 ҳама бадиҳову маргу бадтарии он дурӯғпеша – менуи нобудкунанда - Аҳриман, ки набуд дар ин офариниш, бувад, ки набувад дар офариниши Ҳурмузд ва дар фарҷом нобуд гардад.
пешина
аз 314
навбатӣ