Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- ...Кӯшо бошед ва карафа андӯзед ва аз хешкорӣ беҳ нагардед, ба бахт розӣ бошед.
- Ба хештан густох набошед ва ба кӯчактарин гуноҳ нохурсанд (бошед) ва (ҳатто) ба сабаби бузургтарин абзорҳои (хеш низ) лоф назанед.
- Бо абзори (дигар) кас кор накунед. 4. Сустӣ (ва коҳилӣ)-ро на ба бахт, балки ба куниш мансуб кунед.
- (Ӯ, ки) дар суд кӯшо (ва) гузидор ва ба бахт мутмаин аст, комкораст.
- Зеро омӯзидаам бурдани ҳарбад(ӣ) аз ҳама офаридагон аз хирад (ва ҳамчунин) фарохӣ ва ёрӣ (низ) аз хирад аст.
- Зеро мардро ба мавқеияти бузург хирад раҳнамоӣ мекунад ва (ӯро) аз шигифттарин (умур) хиради комил мераҳонад.
- Хирад доштори паноҳи ҷон, Хирад бухтор ва фарёдраси тан.
- Андар тавонгарӣ хирад беҳтар. Низ дар камчизӣ хирад паноҳтар.
- Ин ҷо барои ёрӣ хирад беҳтар. Он ҷо барои пуштибонӣ хирад паноҳтар. 11. ... Абзор бо хирад под повандтар. 12. Перояи ном аз хирад. 13. - 14. Родӣ бо хирад фарёдрастар. 15. Абзори афрӯзиши дуда ба хирад ниҳода шавад. 16. Барои дин боварии хирад мутмаинтар (ва) барои хирад дониш ситоидатар аст.
- Миёнаравӣ ба хирад пайдотар, дониш бар пояи хирад коритар.
- Чи ҳар ки ӯро хирад ҳаст, ҳунар низ ҳаст. Чи ҳар ки ӯро хирад ҳаст, хоста низ ҳаст. Зеро ҳар кори некро бун ба хирад ниҳода шавад.
- Чи ҳар ки андар замона гар сад сол (ҳам) зист, сипас роҳ(-аш) ба пул омад (манзур растохез ва гузар аз Пули Чинвод аст).
- Ин кор, ки дуда(-ат) тавонгар (бошад), аммо ҳангоме, ки аз ту рабуда шавад, туро чӣ суд аз роғу рама андӯхтани бисёр анбори шавҳари зани хешро (худи ӯро чӣ суд?)
- Зеро доно дар оғоз (натиҷаи) корро медонад, дӯшогоҳ дар поён онро мебинад.
- Чи замоне ки тан ошуфт ва колбад шикаст, ҷон низ аз тан фаромӯш бишуд, ҳунарвар аз кор бархост ва колбад бебар бимонд; ҳунарвар (би)шуд, (дарҳоле ки) аз колбад сохтан ранҷур шуд.
- Касе, ки он замонро ҷуфт шуд, чашмро он хоб(е) гирад, ки барнахезад, дилро он дард ояд, ки натапад, дастро он шикаст (ояд), ки нарӯяд ва пойро он шикаст (ояд), ки наравад.
- Сутури омада ҷудобор наравад, бахти омадаро сипӯхтан нашояд.
- Акнун тан ба тобут ва нисо ба дахмгистон аст. 26. Ин ки дуда бо дигар дуда меомезад. 27. Мол ва фармон ба дигар худой шавад, зан дар андешаи шӯи (дигар) бигирад ва хоста низ ба хостадор ояд.
- Ҷони якто (ғариб) ва тани танҳо (ва) нисо ба ҷои хеш, саг ва паранда ба рақобат андар нишинанд.
- Ҳам меҳ ва ҳам кеҳ ва ҳам худой ва ҳам банда, дарвешмардуму озодмардон (ва) низ фурӯтармард ба он хона ояд.
- (Ӯро) аз фармони озодмардон бибуранд ва (бинобар) фармони бартар (ӯро) ба мену андар гузаронанд, чун он писаре, ки (ӯро) аз падар бурда гиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор