Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Ин низ пайдост, ки дарундонро ба ҳар гуноҳ, муҷозот ва подофароҳ(е) чанд бояд бурдан.
  2. Ва ҳар гоҳ мутаносиб бо он муҷозот ва подофароҳ баранд; агар ба ҷуз он тозиёнаи асбе ба равони эшон зананд, бад-ин тартиб дар ҳамон ҷой растохез ва танипасин шавад.
  3. Ҳар рӯз се бонг аз биҳишт ва сухани Амшоспандон бишнаберанд, ки метарсед, зеро мурда шуморо боз вероям, некон чанд бор ба гетӣ сухани равонро дӯстона ба шумо гуфтанд ва роҳи ростро ба шумо намуданд ва напазируфтед.
  4. Ҳум ҳар рӯз се бор ба гӯш гӯяд, ки ромиш кунед ва метарсед, чи ҳушро аз равонатон боз дорам ва равонатон ҳушманд нашавад, ҳамон гуна ки тани (шумо) ҳушманд аст.
  5. (Агар) пурсида (шавад), ки дар ин карафа ва тасмим (ба) гуноҳ некӣ худ кадом аст.
  6. Гуфта шавад, хравстар куштан ва оташро ба дод муҳофизат кардан, чи хравстар(он) ҳама аз тани Аҳриман ҳастанд (ва аз ин амр) Аҳриман садама мебинад.
  7. (Дигар) аҳлу дод, замоне ки ба беҳон диҳанд (ва дар он) карафа кам нест, балки (дар он ба) ду эътибор карафа буд, яке (ба эътибори) буникор, дигар (ба эътибори) аҳлу дод диҳиш, чи аҳлу дод ба ганҷи додори Ҳурмузд расад.
  8. (Агар) пурсида (шавад), ки чаро гӯшти мурдор нахӯранд? Гуфта шавад бад-ин сабаб, ки девон дар он табоҳӣ мекунанд (ва он) ба зиёни мардумон метавонад бошад.
  9. Ҳар гоҳ мардумон (онро) бихӯранд, табоҳӣ ба тани мардумон бирасад, (он гоҳ мардумон) нисбат ба тану равон (ва низ ба) Амшоспандон носипос ва паймоншикан ва гуноҳкор шаванд.
  10. Пурсед, (агар) пурсида (шавад), ки чаро дар хонаи шахс(е), ки гузарон бувад, андар се шаб гӯшти тоза намехӯранд ва агар бихӯранд, чӣ тафовуте (дар он) бошад.
  11. Гуфта шавад бад-ин сабаб, ки чун насрушти патиёра дар он хона ба пайкари он (дар) гузашта бирасад, ҳар ки аз он хӯриш бихӯрад, он насрушти дуруҷи патиёраи мутааллиқ ба (он дар) гузашта ба тани ӯ бирасад. Аз он сабаб ҳуш пештар ва мурдан сахттар (ва) тезтар андар расад ва ҷон додан барои ӯ душвортар шавад ва дар ҷон кандан бадӣ бар ӯ беш андар ояд.
    Фарҷом ёфт ба дуруду шодиву ромиш.
    АНДАРЗИ БЕҲЗОДФАРРУХИ ПИРӮЗ
    Ба номи додор Ҳурмузд
    Беҳзодфаррухи Пирӯз – ростгуфтори фарзонасухан гуфт, ки: Ман озмудаам, ки хирад беҳтарин аст. Ҳар чиз марбут ба мину ва куниши гетӣ бар пояи хирад муқаддар шудааст. Пурхирад ҳамеша ба осоиш ва дӯшхирад ҳамеша ба ранҷ аст.
    Ду (кас) ҳастанд, ки онҳоро аз куниши хеш осоиш аст: яке он ки гузидор ва яке он ки бадхирад аст. Он ки гузидор аст аз хирад(е), ки ӯро ҳаст (ва) он ки бадхирад аст аз ҳӯше (ки) бар тани ӯ нест. (Ва низ) ду (кас)анд доноигузидори афрозманд: дастур(е), ки хирад дастури (ӯ) аст, ҳатто агар (ӯ)-ро хоста набошад; дини афрозманд(е), ки мутакаббир нест. (Ва низ) ду (кас)анд бемори гумроҳ: яке (он) ки нисбат ба хештан золим ва сутунба аст...
пешина
аз 314
навбатӣ