Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан- Мардуми дӯст ва озармро (мӯҳтарам) маозор. Чун ки аз озурдани дӯстон суд андак аст ва зиён бештар.
- Дар ҳар давру замон ба некӯӣ ба суди хеш бикӯш. 31. Он чӣ ба хештан шоиста набувад, ба ҳеҷ кас макун. 32. Ҳар кас ин чаҳор чиз, ки Аҳриман аз ҷаҳон берун карда бошад, дар ёд дорад:
- ... 34. Дар анҷуман, ки пеши солорону подшоҳон нишинӣ, ҳушу вир (заковат) ва дил ба ҷой дор.
- Сухан ҷуз он чӣ пурсанд магӯй. Он низ, ки пурсанд, нигариста гӯй.
- Ба паймон... 37. На ба гуфтори дурӯғ ва на ба хоҳиши рост савганд махӯр.
- Зинҳор хор мабош. 39. Кинвар ва чашмрашк мабош. Чи равони кинвар ва чашмрашк раҳо наёбад ва чанд ба фарзанд расад ва ба гетӣ танаш бадном ва ба мену равонаш ноумед ва пайвандаш ба бар нарасад.
- Зану фарзанд чандон ки метавон нек ба оромиш дор, 6а вижа ба додгоҳ ва ба андарзу фарҳанг дор. 41. имрӯз чӣ кори нек, чӣ гуноҳ ва чӣ суду чӣ зиён...
- ... ва зан ба нигариш (дидор), дӯст ба некномӣ, кори нек ва кирдор .
- Ва ҳамвора ... мабош, ки душманат шод... ва ... мабош. 44. Пеши зани руспӣ (фоҳиша) марав. Агар ҳар гуноҳ, ки он руспӣ кунад, ба равони ту расад.
- Аз хеш родӣ кун, на аз касони хеш. То тавонӣ, дороӣ аз роҳи некӯӣ андӯз, ба тану равон андоз ва низ ба некону арҷмандон деҳ. Чунки тан ҷовидон нест, равон ҷовидон аст.
- Кору кӯшиш чунон биороӣ, ки агар фардо рӯз боядат мурдан...
ЯКЧАНД СУХАНЕ (КИ) ОЗАРИ ФАРНБАҒИ
ФАРРУХЗОДОН ГУФТ1
Ба номи Яздон 1. Пурсид, ки хирад чӣ ва доштори хирад чӣ? 2. Ӯ гуфт, ки марди доно, бохим, ҳунар, беҳӣ ва бовар, хусравӣ ва устуворӣ. - Ва хим андар омад ва ҷой бикард. 4. Ҳунар андар омадӣ, (он) ҷой(ро) пок2 (бикард). 5. Беҳӣ андар омад, (онро) ба гоҳ орост. 6. Хусравӣ андар омад, (он) ҷой(ро) хушбӯ, беҳ кард. 7. Устуворӣ андар омад, ба гоҳ нишаст. 8. Ва бовар андар омад ва роста, устуворӣ беҳ пазируфт. 9. Пурсид, ки киштани хирад чӣ? 10. Ӯ гуфт, ки киштани хирад омӯхторӣ ва оби он ниюшидорӣ ва ёри он гузидорӣ ва ҷойи он биҳишти равшани ҳама осонӣ.
Анушаравон бод Озари Фарнбағи Фаррухзодон, ки ӯ ин суханон гуфт.
Фарҷом ёфт.
СУХАНОНИ БАХТОФАРИД ВА ОЗАРБОДИ ЗАРТУШТОН
Ба номи Яздон 1. Гӯянд, ки Бахтофарид гуфт, ки ҳеҷ мардум нест аз ман тавонгартар ба ҷуз ӯ, ки аз ман хурсандтар аст. - Инро низ гуфт, ки агар ҳама мардуми гетӣ ба ҳам расанд, пас манро тавонгар кардан натавон, зеро ба як даст гирам ва ба дигар даст диҳам (ва фақат) ранҷ ба ман монад.
- Озарбоди Зартуштонро пайдо аст, ки (ӯро) саду панҷоҳ сол зиндагӣ буд ва аз он наберад сол мӯбадони мӯбадӣ карда буд, гуфт, ки ба тавонгариву дарвешиву подшоӣ омадам, андар тавонгарии род ва гузидори диҳиш ва андар дарвешӣ кӯшову миёнарав ва андар подшоӣ фурӯтан (ва) озодвор будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор