Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
X
Дар разми Ардашер бо Ҳафтувод ва сутӯҳии Ардашер
Дар роҳ сипоҳи Ҳафтуводи худованди Кирм ӯро саркӯб ва он ҳама ганҷу дороиву бор аз саворони Ардашер бистонд ва ба Кулорон - мулки Кулор, он ҷой, ки Кирм нишемангоҳ дошт, овард.
Ардашер дар он андеша буд, ки ба Арманистону Озар-бодагон равад, чунки Шаҳргирди Шаҳрзуриг бо басе сипоҳу ғунд аз он канори Шаҳрзуриг паймон баста, ба фармонбардории ӯ омада буд. Аммо чун Ардашер ситамгариву гунаҳгории Ҳафтубод ва писаронашро ба сипоҳи хеш шунид, дар андешаи он шуд, ки нахуст кори Порс бояд саранҷом кард ва аз душманон бояд бегумон шуд ва пас ба шаҳри дигар пардохт. Акнун бо он бут, ки ба Кулорон чунин чиру ситамгар буд, панҷ ҳазор сипоҳ ба канори марзу буми Синду Мукрон ва назди баҳр фиристода буд. Сипоҳу ғунди Ардашер аз атроф боз ба Ардашерхвара омад. Ҳафтубод ҳама сипоҳи хеш боз ба даргоҳ хост.
Ардашер сипоҳе бисёр бо сипоҳбадон ба корзори Кирм равон кард. Ёрони Кирм ҳама ганҷу дороӣ ва борро ба сангари дизи Кулорон ниҳода, худ дар кӯҳҳо ва ҷойҳои шикофта пинҳон шуданд. Саворони Ардашерро аз ин огаҳӣ набуд, ба буни дизи Кулор омаданд ва дизро иҳота карданд. Чун шаб шуд сипоҳи Кирм ба эшон бизад ва шабохун кард ва аз саворони Ардашер бисёр касро бикушт, аспу силоҳ ва зинафзору дороиву бор аз эшон ситонда, дигаронро масхараву бараҳна ба пеши Ардашер боз фиристод.
Ардашер чун он бидид, хеле ошуфта гашт ва аз шаҳр-шаҳр ва ҷой-ҷой ба даргоҳ сипоҳ хост ва худ бо сипоҳи бисёре ба корзори Кирм рафт. Чун ба дизи Кулор омад, сипоҳи Кирм ҳама дар диз нишаста буд. Ардашер перомуни диз биншаст.
Ҳафтубоди худованди Кирм ҳафт писар дошт. Ҳар писарро бо ҳазор мард ба шаҳрҳо гумошта буд. Он гоҳ писаре, ки дар Эраҳистон буд, бо бисёр сипоҳ аз тозиёну мисриён аз баҳр гузашт ва бо Ардашер дар набард шуд. Сипоҳи Кирм, ки дар диз буд, ҳама ба берун омад ва бо саворони Ардашер набард ва корзору ҷонсупориҳои сахт кард. Аз ҳар ду сӯй бисёр кушта шуд. Сипоҳи Кирм берун омад ва роҳу гузар чунон бигирифт, ки ҳеҷ кас аз сипоҳиёни Ардашер берун шудан ва хӯроки хешу сутурон овардан натавонист. Аз ҳар ду сӯй мардумону сутурон ҳама ба ниёзмандиву бечорагӣ омаданд.
XI
Дар паймон шикастани Меҳраки Анӯшакзодон бо Ардашер
Чун Меҳраки Анӯшакзодон аз Порс шунид, ки Ардашер ба даргоҳи Кирм гирифтор шуда ва ба сипоҳи Кирм пирузӣ наёфт, сипоҳу ғунд ороста, ба ҷойгоҳи Ардашер рафт ва дороиву ганҷи Ардашер бибурд. Чун Ардашер паймоншикании Меҳраку дигар мардумони Порс бишнид, дар он андеша шуд, ки ба на-барди Кирм бояд пардохт ва пас ба набарду корзори Меҳрак шуд. Ӯ боз ҳама сипоҳ ба даргоҳ хост, бо сипоҳбадон дар машвара шуд ва чораи наҷоти хеш ва сипоҳ андешид. Пас аз он ба чошт хӯрдан нишаст. Андар замон тире чубин аз диз фуруд омад ва то пар ба барра, ки дар хон буд, фуру нишаст. Ба тир чунин навишта шуда буд, ки ин тирро саворони худованди пирӯзманди Кирм андохтаанд. Мо набояд марде бузург чун шуморо бикушем, тир ба ин барра задем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор