Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дорои шоҳ мегӯяд: чун Аҳурамаздо ин бумро барошуфта дид, ба ман бахшидаш. Маро шох, бикард. Ман шоҳам. Ба бузургии Аҳурамаздо ман ҷояш нишондам. Чӣ-шон ман мегуфтам, ҳамонро мекарданд. Коми (хоҳиши) ман чинин буд. Агар ту меандешӣ ки: «Чанд бошад диҳҳое ки Доро [дар ихтиёр] дорад» пайкараҳоро бибин - аз онҳояш ки гоҳ (тахти шоҳӣ) доранд, ту инро хоҳӣ донист, сипас ошкорат хоҳад буд ки хиши (ханҷари) марди Порс то дуриҳо парида рафта, сипас ошкорат хоҳад буд ки марди порс берун аз [хоки] порс корзор карда.
Дорои шоҳ мегуяд: ин ки карда шуд [аз ҷониби] ман - ҳамаи он ба бузургии Аҳурамаздо кардам. Аҳурамаздо ёрӣ-м бидод то ман корам кардам. Бошад ки маро Аҳурамаздо аз гандагӣ (бадӣ) пояд, хонадони шоҳиму ин диҳро. Инро ман аз Аҳурамаздо хоҳонам. Бошад ки инро бидиҳадам Аҳурамаздо.
Ай мард! Ҳар чӣ фармони Аҳурамаздо [аст] - ӯ накунод ки гандат бинамояд, роҳи ростро раҳо макун, ошуб барпо макун!
КАТИБАИ ДОРО ДАР НАҚШИ РУСТАМ (ِِDNB)1
Бағ (худо)-и бузург [аст] Аҳурамаздо ки ин [чизи] зеборо ки дида мешавад, офарид, [он худое] ки шодиро (хушбахтиро) барои одами офарид (бидод), [он худое] ки хираду тушу неру баҳри Дорои шоҳ бирасонд.
Дорои шоҳ мегӯяд: ба бузургии Аҳурамаздо ман чинин як [одам]-ам ки ба рост дӯстам, ба бад дӯст нестам. Коми (хоҳиш) ман ин нест ки ба марди нотавон барои (ба суди) тавонгар бадӣ карда шавад, хоҳиши ман ин нест ки ба марди тавонгар ба суди нотавон бадӣ карда шавад. Қар чӣ рост аст, коми (хохиши) ман аст. Марди дурӯг (фиребгар)-ро ман дӯст наям, на [шахсе]ам ки тез дар бигирам. Чандон ки арғандагӣ дар ман давом мекунад, ман хешро деру дироз дошта метавонам бо неруи андешаи худ. Ман фармонравои росихи хешам.
Марде (касе) ки ҳамкорӣ мекунад, пас ба чанди ҳамкорӣ-ш бартар медорам-аш. Касе ки гуноҳ мекунад, пас ба чанди гуноҳиш мепурсам-аш. Маро чинин ком (хоҳиш) нест ки мард (кас) гунаҳ кунад ҳамчинин маро ӯ хоҳиш ҳам нест ки марде ки гуноҳ мекунад, пурсида нашавад (кайфар набарад).
Марде (касе) ки муқобили марди дигар мегӯяд, ӯ маро бовар намекунонад то ӯ фармудаи Дастурҳои Биҳро қониъ бигардорад.
Аз марде (касе) ки [коре] мекунад ва ё [чизеро] ба ман чанди тавону неру [-и чисмонии] хеш намоиш медиҳад, ман хушнудам ва маро ком (хоҳиш) ҳамин аст ва ман бисёр хушнудам.
Ҳушу (фаҳмиш) фармони ман чинин аст: он замон ки он чизеро ки карда шуда аст, ту хоҳӣ дид ё шунид, - хоҳ, дар дарбор аст, хоҳ дар (майдони) корзор - ин он аст (ин чинин маънӣ дорад ки) кори ман ҳамчинин арзишманд аст ки неруи андеша ва ҳуши (фаҳмиш) ман.
Туши (неруи ҷисмонӣ) ман воқиан дар он аст ки то тани ман тавон дорад ман ҳамчун ҳамлагар (сипоҳӣ, ҷанговар) ҳамлагари хубам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор