Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Фарҳихтаам ман ҳам ба дасту ҳам ба пом. Ҳамчун сувор сувори хубам. Ҳамчун камонвар камонвари хубам - [агар] пиёдаам ё сувор. Ҳамчун хиштӣ (найзазан) хиштии хубам, [агар] суворам ё пиёда.
Ва як ҳунарҳое[ст] ки Аҳурамаздо ба ман расонда ва ман тавонистаам корбастшон кардам. Ба бузургии Аҳурамаздо [ҳар
он чӣ] ро ки кардан ман [аст], ба ҳамин ҳунарҳо ки Ахурамаздо ба ман расонда (дода), кардам.
Ай мардак, да-бикуш то худро огаҳ кунӣ ки чикораам ман (чӣ сон одамам ман), чӣ сон (чикора) ҳунарҳо низ маро [ҳаст], чӣ навъ (сон) бартариҳо (афзалият) дорам ман. Да-(бошад ки) дуруғат манамоёд [чизе] ки ба гушҳот шинидй. Биё ту бишнав дигар, ҳар чӣ ба ту расонда шуда...
КАТИБАИ ДОРО ДАР АНДОХТАНИ КУШК
ДАР ШУШ1
Бағ (худой) бузург [аст] Аҳурамаздо ки ин бумро бидод (офарид) ки у осмонро бидод ки мардро (одамӣ) бидод ки шодиро (хушбахтӣ) бидод баҳри мард (одам) ки Дороро шоҳ бикард-ягона миёни ҳама шоҳон, ягона миёни ҳама фармон- фармоён. Ман Дорои шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи диҳҳо (кишварҳо), шоҳ дар ин бум, пури Виштосп, ҳахоманишиам.
Дорои шоҳ мегӯяд: Аҳурамаздои аз миҳтарин бағон (худоён)-у маро дод (офарид), маро шоҳ кард, ӯ ин шоҳӣ бидодам ки бузург аст [шоҳӣ] ки аспону мардони хуб дорад. Ба бузургии Аҳурамаздо он ки маро падар аст - Виштосп ва Аршомаи ниёи ман – ҳар ду зинда буданд ки маро Аҳурамаздо шоҳ кард дар ин бум. Ақурамаздоро ком (хоҳиш) чинин буд. Аз миёни мардон танҳо маро баргузиду маро шоҳ кард миёни ҳамаи онҳо.
Ман Аҳурамаздоро ёд кардам (парастидам). Аҳурамаз-, до ёрӣ-м бидод. Дар ҳар чизе ки баҳри кардан фармудам, маро дар кардани он пирузгар (бобарор) кард ва хар чизе ки бикардам, ҳама ба бузургии Ахурамаздо бикардам.
Ин кушке ки дар Шуш [бунёд] кардам - арҷангаш аз [ҷоҳои] дурдас оварда шуд. Бум фуру канда шуд то ба сахтии бум бирасидам. Чун канда шуд, пасон сика (шағал) анбошта шуд дар бархе [ҷоҳо] ба жарфнои (чуқурии) 40 аршин дар бархе [ҷоҳои] дигариш ба жарфнои 20 аршин. Бар он сика кушк сохта шуд. Ва ӯ бум фуру канда шуду ӯ сика анбошта шуду ӯ хишти офтоб хурда рехта шуда буд – ҳамаи ӯ корро мардуми бобулӣ кард.
Чуби нуж(ан), ӯ - Лабанон ном куҳ(истон) аст- аз ҳамон ҷо оварда шуда. Мардуми Асириа овардандиш то Бобулистон; аз Бобулистон мардуми Каркав аз Йауна (Иониа) ба Шушиш аварданд. Чуби йако аз [Андоро ва Кармоно оварда шуд]. Зар аз Спарда (Сардис) ва аз Бохтриш (Бактриа) оварда шуд ки ин ҷо корбаст шуд. Косаки (Сангҳои арзишманди) капаутака (Lapis-Lazuli) ва сикабруш (karnelion) ки ин ҷо корбаст шуд, аз Суғд оварда шуд. Косаки (Санги арзишманд) ахтайна (фируза, turguois) ки ин ҷо корбаст шуд, у аз Хува-размиа (Хворазм) оварда шуд. Оли (нуқра, хула)-ву дарахти сиёҳ (айнан: дарахти санг) аз Миср оварда шуд. Арҷанг (озин, нақшу нигор) ки бо-ш деворхо озин баста шуда у аз Йауна (Иониа) оварда шуд. Пируш (ivory) ки ин ҷо корбаст шуда, аз Кушаву (Эфиопиа) аз Қинду аз Ҳараҳуватиш (Ар-хозиа) оварда шуда. Сутунхои сан(гин) ки ин ҷо корбаст шуда, - Абирадуш ном русто аст дар Хузистон - аз ҳамон ҷо оварда туда.

пешина
аз 314
навбатӣ