Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мардони (одамони) сангтарош ки сангро тарошиданд - онҳо мардуми Йауна (Иониа) ва Спарда (Сардиа) [анд]. Мар доне ки оғурро кор карданд, - онҳо Бобулиён [анд]. Мардоне ки девро озин бастанд, - онҳо Модӣ ва Мисрӣ [анд]. Дорои шоҳ мегуяд: ба Шуш пур шигарф [кор] фармуда шуда буд, пур шигарф [кор] ба иҷро расид. Бошад ки маро Аҳурамаздо пояд (нигоҳ дорад). Виштоспи падари марову кишварамро.
КАТИБАИ ДОРО ДАР ИСТАХР1
Манам Дорои шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи диҳҳо (кишварҳо) ки фаровонанд, пури Виштосп, ҳахоманишӣ.
Дорои шоҳ мегӯяд: ба бузургии Ахурамаздо ҷуз мардуми Порс ин [аст] кишварҳое ки ман [дар ихтиёр] дорам ки аз ман метарсиданд, маро боҷ меоварданд. Хузистон (Элам), Мод, Бобул, Арабиа, Атура, (Ассуриа). Миср, Арминиа, Катпатука (Каппадокиа), Спарда (Сардис), Йауна (Иониа), [кишварҳое] ки дар хушкӣ [анд] ӯ [кишварҳое] ки дар дарё[анд] (яънӣ дар кинори дарё), [кишварҳое] ки дар фаросуи дарё- [анд]: Асагарта (Сагартиа), Партҳава (Парфия), Зранка (Дрангиана), Ҳарайва (Ареа), Бохтриш (Бактриа), Суғд, Ҳуваразмиа (Х(в)оразм), Сатагуш (Саттагидиа), Ҳараҳуватиш (Арахозиа), Ҳиндуш (Синд), Гандора (Гандара), Сака (Скифиа), Мака.
Дорои шоҳ мегӯяд: агар чинин мспиндорӣ ки: «Бошад ки аз дигар(он) натарсам», ин мардуми Порсро нигаҳ бидор (муҳофизат бикун); агар мардуми Порс нигоҳ дошта хоҳад буд, аз ҳамон дам (-е ки ... нигоҳ дошта мешавад) кашида дуру дироз шодии (хушбахтӣ) беандозаро чунонки ҳаст Аҳуро бад-ин дарбори шоҳӣ хоҳад расонд.
КАТИБАИ ДОРО ДАР СОХТМОНИ ҶУЙ
ДАР СУЕТС1
Бағи (худо) бузург аст Аҳурамаздо ки ӯ осмонро бидод (офарид) ки ин бумро бидод ки мардро (одам, одамӣ) бидод, шодиро (хушбахтӣ) бидод барои одамӣ ки Дороро шоҳ бикард, ба Дорои шоҳ шоҳиро фароҳам овард (бахшид) ки бузург [аст]-у аспҳову одамҳои хуб дорад.
Ман Доро[ам] шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шохи диҳҳо (кишварҳо), диҳҳои гуногунзабон, шоҳ дар ин буми бузург, паҳновар, пури Виштосп, ҳахоманишӣ.
Дорои шоҳ мегӯяд: ман порсам: аз Порс Мисрро гирифтам; ман фармудам то ин ҷуйро бикананд аз Пирова (Нил) ном руд ки ба Миср ҷорист то ба дарё ки аз Порс меояд. Пасон ин ҷуй канда шуд чунонки ман фармудам ва навоҳо (киштиҳо) меомаданд бо ин ҷуй ба суи Порс чунонки коми (хоҳиши) ман буд.
НОМАИ ДОРОИ ШОҲ БА САТРАПИ ХЕШ ГАДАТАС1
Шоҳи шоҳон Доро; пури Виштосп ба бандаи хеш Гадатас ин мегӯяд: «Ман донистам ки ту на ҳама фармудаҳои маро риоя мекунӣ. Ин ки ту замини маро шухм мезанӣ (шудгор мекунӣ) ки дар фаросуи [рӯди] Ефрат мебошад ва дар он кинорҳои Осиёи Хурд дарахтони боровар парвариш мекунӣ, ман аз ту бад сипосгузорам, раҳмату меҳрубонии дарбори шоҳӣ низ ба ту бод! Ин ки ту аз фармудаҳои ман ба ростои худоён фуругузорӣ мекунӣ ва агар пасон ту дигар намсшавӣ, ман ҳамчун нишонаи норизогии худ [аз нофармонии ту] мешуморам. Зеро ту парастои порсои Аполлонро ҷарима андохтаиву аз ӯ ҷарима ситондаӣ то як пора замини номубораку мақаррариро обод кунӣ ки ин амал ҷуз нашинохтани пиндору андешаи ниёкону ман пиромуни мафҳуми худованд ки ба порсҳо роҳи дуруст башорат дода, нест ва...».

пешина
аз 314
навбатӣ