Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хонданКАТИБАИ АЛВАНД1
- Аҳурамаздо Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
- Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумоне бо таборҳои бисёр, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
КАТИБАИ ҲАМАДОН1 - Дориюш шоҳи бузург аст, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ.
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ин шаҳриёрӣ аст, ки ман дорам аз сакоиҳо, ки он сӯи суғдиёна ҳастанд, то Ҳабаша; аз Ҳинд то Лидия; ҳам ӯ ки Аҳурамаздо, бузургтарин Худоён, маро дод.
- Аҳурамаздо маро ва хонадонамро бипояд».
КАТИБАҲОИ НАҚШИ РУСТАМ1
I - Аҳурамаздо2 Худои бузург аст, ки ин заминро офарид, ки он осмонро офарид, ки мардумро офарид, ки шодиро барои мардум офарид, ки Дориюшро шоҳ кард, ягона шоҳ аз бисёр, ягона фармонраво аз бисёр.
- Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон аз тамоми таборҳо, шоҳи рӯи ин замини бузург то дурдаст, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ, порсӣ, писари порсӣ, ориёӣ, аз табори ориёӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо, инҳо мардумоне ҳастанд, ки ман дар берун аз Порс онҳоро гирифтам; ман бар онҳо подшоҳӣ кардам; онҳо ба ман хироҷ доданд; он чӣ ба онҳо аз ҷониби ман гуфта шуда буд, онҳо онро карданд; қонуни ман онҳоро нигоҳ дошт: модӣ, эломӣ, портӣ, ориёнӣ (ҳиравӣ), бохтарӣ (балхӣ), суғдӣ, хоразмӣ, дарангӣ (зарангӣ), арахузӣ (рухаҷӣ), стагедӣ, гандораӣ, ҳиндӣ, сакоии амирагӣ, сакоиҳои Тигархвада (тезхуд), бобулӣ, ошурӣ, араб, мисрӣ, арманӣ, кападокияӣ, лидияӣ, юнонӣ, сакоҳои он суй дарёӣ, тарокиёӣ, юнонии Оспедуфурӣ, либиёӣ, ҳабашӣ, макӣ, корӣ».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо, ҳангоме ки ин заминро ошуфта дид3, он гоҳ онро ба ман дод; маро шоҳ кард; ман шоҳ ҳастам; ба хости Аҳурамаздо ӯро дубора сари ҷояш гузоштам; он чӣ ман бад-эшон гуфтам, онҳо онро карданд, ҳамон гуна, ки маро ком буд; оё ҳаргиз ту меандешӣ: «Ин мардумоне, ки Дориюшшоҳ дошт, чӣ теъдод буданд?» Ин пайкараҳоро, ки тахтро мебаранд, бубин, он гоҳ онҳоро хоҳӣ шинохт; он гоҳ, хоҳӣ донист, ки найзаи марди порсӣ то дурдаст рафтааст,4 он гоҳ, хоҳӣ донист, ки марди порсӣ дур аз Порс набард кардааст».
- Дориюшшоҳ мегӯяд: «Он чӣ карда шуд, ҳамаро ба хости Аҳурамаздо кардам; Аҳурамаздо ёрии худро ба ман дод, то он ҷо, ки он чиро карда шуд, ман кардам; Аҳурамаздо маро дар баробари бадиҳо бипояд, хонадонамро ва ин мардумро; ин он чизе аст, ки ман аз Аҳурамаздо мехоҳам; Аҳурамаздо онро ба ман диҳод».
- Эй мард! Бошад, ки фармони Аҳурамаздо ба назарат бад наёяд, аз роҳи рост мунҳариф нашав, шӯриш макун!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор