Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунин гӯяд, ки (пурсид:) «Кадом пештар офарида шуд, фарра ё тан». Ҳурмазд гуфт, ки: «Фарра пештар офарида шуду тан сипас, барои он офарида шудааст. (Фарра) дар тан офарида шуд, то хешкорӣ биофаринаду тан ба хешкорӣ офарида шуд». Онро гузориш ин аст, ки равон4 пештар офарида шуд, тан аз пас. Равон дар тан хешкориро фармон диҳад.
Сипас, ҳарду аз гиёҳпайкарӣ ба мардумпайкарӣ гаштанд ва он фарра5 ба минуе дар эшон шуд, ки равон аст. Акнун низ (мардум) ба монанди дарахте фароз рустааст, ки бораш даҳ гуна мардум аст.
Ҳурмазд ба Машӣ ва Машёна гуфт, ки: «Мардумед, падар (у модари) ҷаҳониёнед. Шуморо бо бартарин ақли салим6 офаридам, ҷараёни корҳоро7 ба ақли салим ба анҷом расонед. Андешаи нек андешед, гуфтори нек гӯед, кирдори нек варзед, девонро маситоед». Ҳангоме ки яке ба дигаре андешид, ҳарду нахуст инро андешиданд, ки: «Ӯ мардум аст». Эшон чун ба роҳ афтоданд, нахустин кунише, ки карданд ин (буд, ки) биандешиданд. Нахустин сухане, ки гуфтанд ин (буд), ки «Ҳурмазд обу замину гиёҳу ҷонвару ситораву Моҳу Хуршед ва ҳамаи ободиро, ки аз парҳезгорӣ падид ояд, офарид (ки) бун бархонанд». Пас, Аҳриман ба андешаи эшон бартохту андешаи (эшон)-ро палид сохт ва эшон гуфтанд, ки: «Аҳриман офарид обу замину гиёҳу дигар чизро». Чунин гуфта шуда (аст, ки) он нахустин дурӯғгӯӣ, ки тавассути эшон (ба ҳам) бофта шуд, ба абоисти девон гуфта шуд. Аҳриман нахустин шодиро, (ки) аз эшон ба даст овард ин (буд) ки бад-он дурӯғгӯӣ ҳарду дурванд шуданду равоншон то тани пасин ба дӯзах аст.
Эшонро сӣ рӯз хӯриш гиёҳон8 (?) буду (худро ба) пӯшише (аз) гиёҳ нуҳуфтанд. Пас аз сӣ рӯз ба бишкард9 ба бузе сапедмӯй фароз омаданду ба даҳон шири пистони ӯро макиданд. Ҳангоме ки ширро хӯрда буданд, Машёна гуфт, ки: «Оромиши ман аз он (буд) ки ман он шири обгунаро нахӯрда (будам), акнун маро оромиш дуздида10 аз он аст, ки (шир) хӯрдам; он гоҳ маро бар тан бад аст». Аз он дурӯғгӯии дувум низ девонро зӯр бар омад ва мазаи хӯришро бидуздиданд. Он чунон ки аз яксад баҳр як баҳр монд.
Пас, ба сӣ шабонарӯзи дигар ба гӯспанди тиранге сапед орвора омаданд. Ӯро куштанду (бар ӯ) аз дарахти кунору шамшод, ба роҳнамоии минувон оташ афганданд, зеро он ҳарду дарахт оташдиҳандатаранд. Ба даҳон низ оташро афрӯхтанду нахуст ҳезуми дарахти каҳкийу (?), низ дарахти кудару11 шоху барги хурмобун12 сӯзонданду он гӯспандро кабоб карданд13 ва ба андозаи се мушт гӯшт дар оташ биҳиштанду гуфтанд, ки: «(Ин) баҳраи оташ» ва аз он порае ба осмон афганданду гуфтанд, ки ин баҳраи эзидон. Каркасмурғ фароз рафт, натавонист гирифт, саг онро аз эшон бибурд, зеро нахуст гӯштро саг бихӯрд.

пешина
аз 314
навбатӣ