Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Эшон, нахуст, пӯшише (аз) пӯстин пӯшиданд, пас, ба мӯй14; он гоҳ нах15 (?) бириштанду он риштаро ҷома карданду пӯшиданд. Ба замин гавдоле16 биканданд17, оҳанро (бад-он) бигудохтанд, ба санг оҳанро бизаданду аз он теғе сохтанд, дарахтро бад-он бибуриданд, он падишхури18 чӯбинро оростанд.
Аз он носипосӣ, ки карданд, девон бад-он ситануба [неруманд, тавоно] шуданд. Эшон (Машӣ ва Машёна) худ ба худ рашки бад фароз бибурданд. Ба сӯи якдигар фароз рафтанд, (ҳамро) заданд, дариданду мӯй руданд [канданд]. Пас девон аз торикӣ бонг карданд, ки: «Мардумед, девро парастед, то рашк биншинад». Машёна фароз ҷаст, шири гов дӯшид, ба сӯи шимол фароз рехт. Бад-он девпарастӣ девон неруманд шуданду ҳардуи эшонро чунон хушккун19 [сусткамар дар алоқаи ҷинсӣ] бикарданд, ки то панҷоҳ сол комаи ҳамомезишон набуд ва агаршон низ ҳамомезӣ буд, он гоҳ фарзандешон набуд. Бо ба сар расидани панҷоҳ сол, (ба) фарзандхоҳӣ фароз андешиданд, нахуст Машӣ, пас Машёна, зеро Машӣ ба Машёна гуфт, ки: «Чун ини…20 туро бинам, он гоҳ они ман бузург бархезад». Пас Машёна гуфт, ки: «Бародар Машӣ! Чун он кери21 туро бузург бинам, они…20 ман ларзад».22 Пас, эшон ба ҳам кома бурданд ва дар комагузорӣ, ки карданд, чунин андешиданд, ки моро (ба) панҷоҳ сол низ кор ин боист буд. Аз эшон ба нуҳ моҳ ҷуфте зану мард зод. Аз ширинии фарзанд, якеро модар ҷавид (бихӯрд) якеро падар. Пас, Ҳурмазд ширинии фарзандро аз андешаи оварандагон23 берун кард ва ба ҳамон андоза (ширинии) парвариши фарзандонро ба-д-эшон бахшид.
Шаш ҷуфт нару мода аз эшон падид омад. Бародар хоҳарро ба занӣ ҳамекард. Ҳама, бо Машӣ ва Машёна (ки ҷуфти) нахустин (буданд), ҳафт ҷуфт шуданд. Аз ҳар яки эшон то панҷоҳ сол фарзанд биёмад, худ ба як сад сол бимурданд. Аз он шаш ҷуфт яке Сиёмак ном, мард ва зан (Вашог буд)24. Аз эшон ҷуфте зод, ки мард Фаравог ва зан Фаравогин ном буд. Аз эшон понздаҳ ҷуфт зода шуд, ки аз ҳар ҷуфте гуна-гунае буд ва бисёрии ҷаҳониён аз эшон буд. Аз он понздаҳ гуна нуҳ гунашон бар пушти гови Сарисуг, бад-он дарёи Фарохкард, бад-он шаш кишвари дигар гузаштанду (дар) он ҷой(ҳо) нишастан карданд. Шаш гуна ба Хванирас монданд. Аз он шаш гуна ҷуфте, мард Тозу зан Гувозак ном буданд. Эшон (ро нишастгоҳ) ба Дашти тозиён буд. Дашти тозиёнро ном аз ӯст ва ба сабаби ӯст (ки) чунин хонанд. Ҷуфте, мард Ҳушанг, зан Гузаг ном; эрониён аз ӯ буданд. Дар омор онон, ки ба сарзаминҳои Эронанд ва онон, ки ба Анирон сарзаминҳоянд, (яъне) онон, ки ба сарзамини Туранд ва онон, ки ба сарзамини Салманд – (ки) Рум аст – ва онон, ки ба сарзамини Синанд – ки Чинистон аст – ва онон, ки ба сарзамини Гойанд25 ва онон, ки ба сарзамини Синанд ва онон низ, ки ба он шаш кишвари дигаранд, ҳама аз пайванди Фаравог, фарзанди Сиёмак, фарзанди Машианд. Аз он ҷо, ки даҳ гуна мардум (низ) аз буни (дигар) ёд карда шуд ва понздаҳ гуна (мардум низ) аз Фаравог буд, рӯи ҳам бисту панҷ гуна (мардум) аз тухми Каюмарс буданд, чун заминӣ, обӣ, бар гӯш26 бар чашм, якпо ва он низ, ки монанди шабкӯр пар дорад ва бешае дунбдор, ки монанди гӯспандон мӯй бар тан дорад, ки (онро) хирс гӯянду каппиву обзавангал, ки боло(яш) шаш баробари миёнаболоён аст; ва ба дасте, ки боло (яш) як шашуми миёнаболоён аст, румиёну туркону чиниёну гоиёну тозиёну синдиён (ки) ҳиндувонанду эрониён ва онон низ, ки гӯяд, ки бад-он шаш кишвари (дигар)анд. Аз ҳар як аз ин гунаҳо, навтар, бисёр гуна падид омад. Сипас, ба сабаби Аҳриман, омезиш буд; чунон зиндагӣ, (ки) аз обиву заминӣ буд. Гилобӣ, ки (дар) обу замин ҳарду зист кунаду дигар аз ин гуна.

пешина
аз 314
навбатӣ