Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Аз ҳамаи ҳован шуд (найҳо62), барг63 кунорро ҳован (шуданӣ)тар64, …65 хонад.
Дар бораи сарварии мардумону гӯсфандону ҳар чизе
Ба «Дин» гӯяд, ки ман нахустин мард, Каюмарси равшану сапедачашмро офаридам. Ӯ бузургтари (мардумон) аст, аммо ӯ сарвари эшон нест, зеро Зартушт сарвар аст, ҳамаи сарварӣ низ аз Зартушт буд.1 Харбузи2 сафед, (ки дар баробари) Зартушт сар фуруд дорад, бузонро сарвар аст; нахуст ӯ аз он сарда фароз офарида шуд. Гӯсфанди сиёҳи3 сапедорвора гӯспандонро сарвар аст; нахуст аз сардаи эшон ӯ офарида шуд. Шутури сапедмӯйзонуи дукӯҳона шутуронро сарвар аст. (Аз говон), нахуст гови сиёҳмӯи зардзону офарида шуд; ӯст говонро сарвар. (Аз асбон), нахуст аспи сапеди зардгӯши4 дурахшонмӯи сапедчашм фароз офарида шуд; ӯст сарвари(асбон). Хари сапеди гурбапой (?) харонро сарвар аст. Нахуст аз сагон, саги сапеди зардмӯй офарида шуд; ӯст сагонро сарвар. (Аз фарохрафторон), нахуст харгӯши бӯр фароз офарида шуд; ӯст фарохрафторонро сарвар. Инон дар (миёни) дадон дастомӯзанд, зеро кӯҳҷӣ (н)естанд. Нахуст аз мурғон симурғи сеангушта буд; ӯ сарвари (мурғон) нест, зеро каршефт сарвар аст, он мурғе, ки динро ба Вари Ҷамкард бурд. Нахуст аз росуҳо қоқуми сапед офарида шуд; ӯ росуёнро сарвар аст. Чунин гӯяд, ки қоқуми сапед (он аст), ки ба анҷумани Амшоспандон омад. Кармоҳӣ, ки араз аст, ҷонварони обиро сарвар аст. Рӯди Даити обҳои тозандаро сарвар аст. (Руди) Дороҷаҳ рудборонро сарвар аст, зеро хонаи падари Зартушт бар бори5 (он) аст; Зартушт он ҷо зода шуд. Бешаи Арвас бешаҳоро сарвар аст.
Ҳугари баланд, ки оби Аредвисур бад-он ҷаҳад, баландиҳоро сарвар аст. Он ҷо, ки ситораи Садвисро гардиш (бар) фарози (он) аст, гавдиҳоро сарвар аст. 6
Ҳауми ҳованӣ7 гиёҳони (ду) бахширо8 сарвар аст. Дарманаи9 даштӣ гиёҳони якбахширо сарвар аст. Гандум ғаллоти ситабрдонаро сарвар аст. Арзани тобистонӣ, ки (онро) гол10 низ хонанд, ғаллоти кӯчакдонаро сарвар аст. Кустӣ пӯшишҳоро сарвар аст. Ду мард, ки бо ҳам фароз раванд, он ки донотару ростгӯтар аст, сарвар аст.
Инро низ ба «Дин» гӯяд, ки ҳамаи ҳастии моддиро баробар наёфаридам, (бо вуҷуди ин) ки ҳама якеанд; чаро (ки) фарраро хешкорӣ дар касон бисёр аст, ҳаркӣ он нек варзидан гирад, он гоҳ ӯро арҷ беш аст, чунонки об(ҳо) баробар офарида нашуд, зеро Аредвисур, оби покиза, (ба) ҳамаи обҳои дар осмону замин арзад ба ҷуз Арвандруди Ҳурмаздофарида. Аз гиёҳон, хурмобун, ки гиёҳи дупора11 хонда шавад, (ба андозаи)ҳамаи гиёҳони миёни осмону замин арзад, ба ҷуз дарахти Гаукаран, ки бад-ӯ мурда хезонанд.
Аз кӯҳҳо, кӯҳи Абарсин (ки) буни (он) ба Систону сари (он) ба Чинистон12 аст ва бошад, ки кӯҳҳои ҳамаи Порт хонад, (ба андозаи) ҳамаи кӯҳҳои миёни осмону замин арзад, ба ҷуз Албурз. Аз мурғон чамрушмурғ аст (ки ба андозаи) ҳамаи мурғони миёни замину осмону арзад, ба ҷуз симурғи сеангушта.

пешина
аз 314
навбатӣ