Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Хулоса ин ки (ҳаркӣ) кори бузург кунад, он гоҳ ӯро арзиш бузургтар аст.
Дар бораи чигунагии оташ
Дар «Дин» гӯяд, ки панҷ гуна оташ офарида шудааст, ки оташи Березисава1, оташи ҳуфриён2, оташи Урвазишт3, оташи Вазишт4, оташи Испеништ5 аст.
(Оташи Березисава худ дар Гарудмон биёфарида шуд)6, оташи Ҳуфриён (ки) беҳфиранофтор маъно шавад, он аст, ки дар тани мардумону ҷонварон аст. Оташи Урвазишт он аст, ки дар гиёҳон аст. Оташи Вазишт он аст, ки дар абр ба пазираи Испанҷаруш ба набард истад. Оташи Испеништ (ки ба) баракатбахшанда маъно шавад, он аст, ки ба гетӣ ба кор дошта шавад ва низ оташи Баҳром аст.
Аз ин панҷ оташ яке обу хӯриши ҳардуро хӯрад, монанди он ки дар тани мардумон аст, ки ба шикам офарида шудааст ва ӯро хӯришу об гуворидан хешкорӣ аст. Яке об хӯрад, хӯриш нахӯрад, монанди он, ки дар гиёҳон аст, ки ба об зист кунанду бирӯянд. Яке на об хӯрад на хӯриш хӯрад, об нахӯрад, монанди он ки дар гетӣ ба кор доранду низ оташи Баҳром. Яке на об хӯраду на хӯриш, монанди оташи Вазишт ва он ки Березисава аст ва он ки дар замину кӯҳу дигар чиз аст.
Ин се оташро, (ки иборат)анд (аз) Озарфарнбоғ, Гушнасп ва Бурзинмеҳр Ҳурмазд дар оғози офариниш чун се фарра ба посбонии ҷаҳон фароз офарид. Бад-он тан, фарамандона, ҳаме дар ҷаҳонанд. Дар подшоҳии Таҳмурас, чун мардум ба пушти гови Сарисуг аз Хванирас ба дигар кишвар(ҳо) мегузаштанд, шабе миёни дарё, ба боди сахту мавҷи дарё, оташдон, ки оташ дар ӯ буд, ки ба пушти гов ба (як) ҷой карда шуда буд, бо оташ ба дарё афтоду он ҳар се оташ чун (он) як фарра, ки ба чойгоҳи оташдон бар пушти гов буд, дурахшиданду ҳама (ҷо) равшан бибуд ва он мардумон ба дарё бозгузаштанд. Ҷам дар подшоии (худ) ҳамаи кор(ҳо)ро бештар ба ёрии он ҳар се оташ мекард. Ӯ Озархураро8 ба додгоҳ, ба Фараҳмандкӯҳ, ба Хоразм нишонид. Ҳангоме, ки Ҷамро бибуриданд, фарраи Ҷамро аз дасти Заҳҳок, Озархура раҳоӣ бахшид:
Дар подшоии Гуштоспшоҳ, чунончи аз «Дин» бармеояд, (оташи фарнбағ) аз Хоразм ва Равшанкӯҳ ба сарзамини Кориён9 нишонда шуд, чунон ки акнун низ он ҷо мондагор аст.
Озаргушнасп то подшоии Кайхусрав бад-он оини посбонии ҷаҳон мекард. Чун Кайхусрав буткадаи (канори дарёи Чайчаст)-ро ҳамеканд, бар ёли аспи (Кайхусрав) нишасту тирагиву торикиро аз миён бурд ва (ҷаҳонро) равшан бикард. То буткада вайрон шуд, ба ҳамон ҷой, бар фарози Аснаванд (кӯҳ)10, оташгоҳе нишонда шуд. Бад-он сабаб (онро) Гушнасп хонанд, ки бар ёли асп нишонда шуд.
Озарбурзинмеҳр то подшоии Гуштоспшоҳ ба ҳамон гуна дар ҷаҳон мевазид, посбонӣ мекард.
Чун анушаравон Зартушт дин оварду барои ривоҷ бахшидани дину бегумон кардани Гуштоспу фарзандони (вай, то) ба дин эзидон истанд, бас чиз ба ошкорагӣ намуду кард, Гуштосп (ин оташро) ба кӯҳи Реванд,11 ки (онро) Пуштаи Гуштоспон хонанд, ба додгоҳ нишонид.

пешина
аз 314
навбатӣ