Зеҳн
Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

ҒАЗАЛИ ШУКРОНА

Шукри беҳад, ки ғамат мӯнису ғамхорам шуд
В-аз ҳама аҳд буридам, ғами ту ёрам шуд!

Булъаҷаб будаму садранг ба айёми шабоб,
Ҳолиё зикру санойи ту фақат корам шуд.

Кулли ғамҳои дигар заҳру ғами ту асал аст,
Заҳри ғамҳои ту дармони шакарборам шуд.

Пеши раммол дигар масъалаҷӯйӣ наравам,
Регзори ғами ту боғаму гулзорам шуд!

Айш дар майкадаҳо лағзиши мастона бувад,
Айш дар ғамкадаат гармии бозорам шуд!

Дар сафи ҷумлаи аҳбоб нигаҳ дор маро,
Чун ҳавои ту саропардаи асрорам шуд!

Ҳар куҷо қанди суханро ба халоиқ бидиҳам,
Мавлавӣ фотиҳабахшандаи гуфторам шуд.

Балки ман бодафурӯшам ба фаноҷини сухан,
Шарқу Мағриб ҳама з-ин бода талабгорам шуд.

Қасри маънӣ дари махзан ба ҳама накшояд,
Чун Муфаззал будам, ин тахт сазоворам шуд.

ҒАЗАЛИ ШЕБУ ФАРОЗ

Сад раҳ ба ҳамин роҳ аст, ин раҳ чӣ рақам роҳе?!
Сад чаҳ таҳи ин чоҳ аст, ин чаҳ чӣ рақам чоҳе?!

Сад оҳ кашам аз сар, то сарбасараш бошам,
Сад ваҳ пайи ин воҳ аст, ин ваҳ чӣ рақам воҳе?!

Сад чокару сад волӣ, сад сифлаву сад олӣ
Дар ҳукми ҳамин шоҳ аст, ин шаҳ чӣ рақам шоҳе?!

Сад олиҳаи ҳусне, сад солиҳаи сулҳе
Дар партави ин моҳ аст, ин маҳ чӣ рақам моҳе?!

Сад вақту замони дур, сад дурии дуродур
Як зарраи ин гоҳ аст, ин гаҳ чӣ рақам гоҳе?!

Хоҳӣ бишавад пайдо ҳаққулҳақи нопайдо,
Дар дидаи ориф шин, донӣ, чӣ рақам хоҳӣ?!

Ин байти Муфаззал бин, маънии аҷаб дорад,
Фаҳмӣ, бикашӣ оҳе аз сар, чӣ рақам оҳе?!

МАН ТОҲИРИ ТАҲҲОРАМ…

Ман тоҳири таҳҳорам, дидори маро дарёб,
Ман обиди қаҳҳорам, гуфтори маро дарёб!

Чун маддаму чун ҷазрам, маъмуру валангорам,
Дар қабзаи ҷабборам, ин кори маро дарёб!

Ҳам маҳфили ирфонам, ҳам қутби намоёнам,
Ҳам қофиласолорам, рафтори маро дарёб!

Андар фалаки ҷонам рӯҳам чу ба ҷӯш ояд,
Дар пардаи сатторам, асрори маро дарёб!

Аз ман чу биомӯзӣ, қурбони сарат гардам,
Ҷолинусу Атторам, пиндори маро дарёб!

Аз тор ба ҳар торе дар гӯшаки ситорам,
Оғодири найсорам, сӣ тори маро дарёб!

Дар Ҳиндаму дар Шомам, дар Балху Намангонам,
Дар Басраву Булғорам, ашъори маро дарёб!

Ақсои ҷаҳон гаштам, ҳарчанд хазон гаштам,
Сарчашмаи фавворам, фаввори маро дарёб!

Нигнотии покам ман, охир таҳи хокам ман,
Дар навбати такрорам, такрори маро дарёб!

Исме, ки сазоворам, фазле зи худо дорам,
Чун Шамс пуранворам, анвори маро дарёб!

ш. Басра, Ҷумҳурии Ироқ,
22. 09. 1979.

пешина
аз 32
навбатӣ