Мусаллои хуршед

Маҷмӯаи шеърҳо ва пиндорҳои Муфаззали Аҷамрод (Душанбе, «Адиб», 2008): ғазалҳо, тарона ва мухаммасҳои орифона ва ошиқона, инчунин пиндорҳои насрӣ дар бораи сухан, ишқ ва забони тоҷикӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 32 саҳифа
МУҲОВАРАИ ҚУДСӢ
Гуфтам, ки мебинӣ маро?
Гуфто: «Бале, ойинаам!»,
Гуфтам: «Азизат бошамо?».
Гуфто: «Туйӣ дар синаам!».
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Гуфтам: «Қарибӣ, ё ки дур?».
Гуфто, ки дар пешат манам,
Гуфтам: «Парийӣ, ё ки ҳур?».
Гуфто, ки на, хешат манам!
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Гуфтам: «Саропо дард ман!».
Гуфто: «Давоят мекунам!»,
Гуфтам, ки гарму сард ман!
Гуфто: «Шафоят мекунам!».
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Гуфтам: «Манам андар қафас».
Гуфто: «Раҳоят медиҳам!»,
Гуфтам: «Гиреҳам дар нафас».
Гуфто: «Ҳавоят медиҳам!».
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Гуфтам: «Табиби ман туйӣ?».
Гуфто: «Масеҳоят манам!»,
Гуфтам: «Ҳабиби ман туйӣ?».
Гуфто, ки Мавлоят манам!
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Гуфтам, ки ошиқ ман туро?
Гуфто: «Бале, ошиқ туйӣ!».
Гуфтам, ки лоиқ ман туро?
Гуфто: «Бале, лоиқ туйӣ!».
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Гуфтам, ки Хуршедам туйӣ?
Гуфто: «Ту нури нури ман!»,
Гуфтам, ки тавҳидам туйӣ?
Гуфто: «Туйӣ манзури ман!».
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Гуфтам: «Муфаззал номи ман».
Гуфто: «Санохонат кунам»,
Гуфтам: «Ғазал дар коми ман».
Гуфто, ки эҳсонат кунам!
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Гуфтам, ки пазмонат манам.
Гуфто, ки арзонат манам,
Гуфтам, ки қурбонат манам.
Гуфто, ки ҷононат манам!
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Гуфтам: «Туро ман бандаам».
Гуфто, ки ишқат бор бод!
Гуфтам, ки бо ту зиндаам.
Гуфто, ки ишқат ёр бод!
Алҳамду лак, алҳамду лак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
Ай холиқи унсу малак, Аллоҳу акбар, Ҳофизо!
ш. Бағдод, Ҷумҳурии Ироқ,
12. 03. 1980.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор