Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

АдабиётШеърҒазал
Аз аввал хондан

Айёме, ки Баҳоуддину пайвандонаш ихтиёри сукунати Қуния карданд, зиндагӣ дар Осиёи Сағиру Мулки Рум хеле мураккабу печида буд. Ҷомиъа фароҳам аз турку юнонӣ, курду эронӣ, арманиву ибронӣ, гурҷиву сурёнӣ… омада, ҳар яке шуғлу пеша ва дину андешаи худро меварзиду мепарвариду мегустарид.
Мардуми сарзаминро манофиъи ҳамагонии иқтисодиву иҷтимоъӣ муттаҳиду муттасил созанд ҳам, мазҳабу дину расму ойини гуногун андаке ночаспону парешон медошт.
Албатта, чунин вазъу ҳолат ашхосу афродеро тақозо менамуд, ки тӯдакаши мардум бошанду Симурғвор сӣ мурғи ҷамъи парешонро ба ҳам оваранд, то ваҳдату васлати ҳамагон аз наҳси хунрезиҳои чингизиёну харобкориҳои золимон, қасди кишварситонону ҷудойихоҳон ва ҷабри миллатгароёну мутаассибони замон, ки дар ҳамаи давру замонҳо ва мулку маконҳо кам набудаанд, осебу зиёне набинад.
Дар ҳамин шаройити каҷдорумарези мазҳабиву мафкуравӣ орифи доно ва олими тавоное дар сурати Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба майдони рафтору гуфтору пайкор омад, ки садҳо равшанравону ҷонфишони кишварро дар атрофи худ ҷамъ оварда, назарияи «Сулҳи Кулл»-ро дар маҳзари муроқабат андохт, ки филфавр аз ҷониби ҳамагон мавриди эътиқоду эътирофи гарму ҷӯшоне қарор гирифта, минбаъда дар эҷодиёту офаридаҳои мутафаккирону донишмандони бузурги ҷаҳон ва васлату ваҳдати тамаддуни дигар миллату мардумон нақшу таъсири вофире бигзошт, ки ҷавҳарашро хитобаи зерини мутафаккири ваҳдатгаро ва мутасаввифи сулҳошно метавонад ба дурахш оварад, ки ҳамгунаҳояш дар осори шоъир фаровону фурӯзонанд:

Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габру на мусулмонам!

На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аз хоки табиъиям, на аз афлоки гардонам!

На танҳо дар даврони рӯзгору пайкор, балки баъди сари Мавлоно, аз асри XIII то имрӯз, назарияи «Сулҳи Кулл»-и бе- собиқа борҳо дар амалия ба кор омада, муттасил, дар мавориду лаҳазоти ҳассоси пархошу парешонкориҳо, дар мамолики гуногунмиллату мухталифмазҳабе, чун Туркияву Юнон, Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон, мамолики араб, Шӯравию Русия, Тоҷикистону Озарбойҷон… оммаву тӯдаҳоро ба ваҳдату васлат овардааст, ки нидои шодиёнаву фохиронаи суханвари бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ дар рӯзҳои фарорасии сулҳи кулли миёни тоҷикон охирину гӯшрастарин акси садои он аст:
Раҳми Парвардгори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад…
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад!

Ҳамин тавр, андешаманди ҷомиъасозу ваҳдатписанди васлатфароз аҳли кулли мазҳабу мактабҳои замонаро ба дарёфту шинохти ҳақиқати дину ойинашон равонаву талқин месозад, на зоҳирбиниву худнамойӣ ва дурӯғбофиву ёфахойӣ, зеро накӯ дониставу таҳаммул карда буд, ки «ҳақиқат моҳияти ҳамаи дину ойинҳоро ташкил медиҳад ва кӯшиданҳо барои тоза кардани динҳо аз ҳар чизе, ки ҳақиқатро тира месозад, аз ҷумлаи наҷибтарин фаъолияти инсонҳост» (Лев Толстой).
Баъди дарёфти дараҷаи кофии камолоти инсониву ирфонӣ, варосати ҳақиқии мероси маънавии падару устодон ва дарки зарурати ҳамонлаҳзаи таърихӣ Мавлоно шогирдону муридони сершумори худро ҷамъ оварда, мактаби маъруфи тасаввуфии худро таъсис медиҳад, ки «Мавлавия» номида шуда, минтақаи фарохи ҷуғрофӣ – Мулки Руму Эрону Афғонистон, Арабистону Осиёи Марказӣ, Шому Мисру Қафқоз ва Ҳинду Синду Чину Мочинро фаро гирифта, то ҳол идомаву ирода дорад.
«Мавлавия» тариқати тасаввуфии бародариву ҷавонмардиест, ки тақрибан соли 1240 аз ҷониби Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар Қуния поягузорӣ шуда, заминаи мафкуравии онро ғояи «хатти савум»-и ӯву пирону ҳаммаслаконаш ташкил медиҳад. Ва мавлавиён иътиқоду итминони комил бар он доштанд, ки поягузору пуштибони муқаддаси соликони ҷодаи футуввату ахават шахсе мебошад, ки дар вуҷудаш нури маърифати маънавии Паямбар таҷаллӣ ёфтааст.

пешина
аз 71
навбатӣ