Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
фод аз «Маснавӣ»-ву навиштаҳои дигари Мавлоно метавонист онро ба забон оварад,
Нуктаҳо аз Пири Рум омӯхтам,
Хешро дар ҳарфи ӯ восӯхтам.
Боз бархонам зи файзи Пири Рум
Дафтари сарбаста асрори улум!
Бемуҳобо, агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таърихномаи муназзаму муъаззами наҷобату қаҳрамониҳои ниёкони сарафрози мо бошад, «Маснавии маънавӣ»-ро ҷасурона метавон донишномаи ахлоқи ҳамидаи инсониву исломии халқамон номиду шуморид.
Ҳақ ба ҷониби Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомист, ки дар таърифу тавсифи Мавлоно ва шаҳкори мондагори ӯ фармудааст:
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ!
Ман чӣ гӯям васфи он Олиҷаноб?!
Нест Пайғамбар, вале дорад Китоб!
Устод Халифа Абдулҳаким дар мақолаи мудаллалу муфассали худ «Ирфони Мавлоно» ҳақбинона ба таъкид овардааст, ки «Ҷалолуддини Румӣ бузургтарин шоъири орифи ислом аст. Бидуни тарс аз мухолафат метавон гуфт, ки дар саросари қаламрави адабиёти орифонаи ҷаҳон касеро наметавон ёфт, ки аз ҷиҳати умқ (-и тафаккур – А.Р.), ҷомиъийяту вусъати садр (донишу биниши олӣ – А.Р.) назири ӯ бошад».
Ҳамин тариқ, аз нигоҳи донишварони паҳнобину жарфонигар, «муносиб аст, ки қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (сездаҳуми мелодӣ – А.Р.)-ро қарни пӯёйии завқу андеша ва қарни Шамсу Мавлавӣ дар ирфону тасаввуф номгузорӣ кунем. Дар ин даврон буд, ки баъд аз Аттор (Фаридуддини Аттори Нишопурӣ (1145 – 1221) – шоъири машҳури мутасаввифи тоҷику форс, ки дар баробари Абулмаҷди Санойии Ғазнавӣ (1080 – 1140) – суханвари дигари мутасаввифи тоҷику форс устоду пешвойи Мавлоно шинохта шудааст, – А.Р.) сайру сулук (тариқату маърифати ирфонӣ-тасаввуфӣ – А.Р.) симойи дигару истиҳкому ҷазолати бештаре касб карду тариқи растагории инсон матраҳ гардид ва Мавлавӣ мехост ба кумаки роҳнамояш ҳамаи улуми замонро таҳти таъсири андешаҳои худ қарор диҳад. Таҳаввули ногаҳониву ҳайратбори рӯҳӣ, ки ниҳоятан вайро ба пойкӯбӣ, чархишу симоъ дар фазои боз раҳнамун гардид, аз ҳамин даврон оғоз шуду алорағми кӯшише, ки мухолифин барои лағви шеваи тозаи тасаввуф (ҳамон тариқати «Мавлавия», ки Мавлоно бунёдаш ниҳода буд – А.Р.) ба амал оварданд, Мавлоно муваффақ гардид ба жарфои рӯҳии бисёре аз ёрону муридони мумтози хеш нуфуз намудаву сӯфиёни ростин исоргару вафодоре тарбият кунад» (Атоуллоҳи Тадайюн).
Дар «Девони Кабир» ба нуктаву ишораҳое бармехурем, ки бахше аз ёрону наздикони Мавлоно аз эшон исроркоронаву пофишорона дархост мекардаанд, ки то мухолифини ӯву мухосимини тасаввуфу мавлавия дар Руми Шарқӣ каме хомӯш шаванд, биҳтар аст машраби ошиқона (маслаки пешгирифтаи ирфонӣ-тасаввуфӣ)-и худро ба сӯе гузорад ё, муваққатан андешаҳои машҳуну мавзунашро ба забон наёвардаву муддате фаромӯшашон кунад!
Бунёдгузори шеваи навин дар тасаввуф (яъне: Мавлоно – А.Р.) дар ин маврид қотиъона чунин изҳори назар мекунад:
Гӯянд рафиқонам: аз ишқ бипарҳезам,
Аз ишқ бипарҳезам, пас бо кӣ биёвезам?!
Ё аз Мавлоно дархост мешуд шабҳо муддатеро ба симоъ ихтисос диҳаду бақияи соъот биёромад. Аммо Мавлавии саргаштаву шӯрида ба муридонаш зоҳиран посухе намедоду замоне, ки хоб бар онҳо чира мешуд, барои роҳати эшонро халалдор насохтан такя ба девор медоду сар бар зону мениҳод, то онҳо бетакаллуф бихобанд. Вақте ки онҳо дар хоб мешуданд, аз ҷой бармехосту саргарми зикр мегардид:
Ҳама хуфтанду мани дилшударо хоб набурд,
Ҳама шаб дидаи ман бар фалак истора шумурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор