Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
150 мадраку маъхази хаттиро ба кор андохта, дар навбати худ, монанди Фирдавсӣ, мақому мароми созандагиву нигорандагӣ ва «ман»-и шоъириву инфиродии хештанро побарҷову муҷалло нигаҳдорӣ карда тавонистааст.
«Маснавӣ»-ро Мавлавӣ, ҳамсони дигар офаридаҳои мансуру манзуми худ, нишаста нанавиштааст, балки шогирдону ёварони ғамхору мададгораш, монанди муридаш Ҳусомуддини Чалабӣ ва фарзандаш Султон Валад, дар лаҳазоти ғалаёни рӯҳӣ ва рақсу симоъи дарвешии ӯ ба силки тасвир овардаанд.
Ба ин маънӣ, «Маснавии маънавӣ» саропо мамлуви ҳолату мусиқӣ буда, сужету сохтори ягонае надорад. Онро, банду басти онро, мантиқу мақсади ягона, ғояву армони шоъирона ва тарғибу ташвиқи орифона муттаҳиду муртабит медоранд.
Ҳангоми эҷоди мазмуну маъниҳо ва эроди қиссаву ривоятҳо Мавлавӣ дар «Маснавӣ» оёти фурқониро тамсилвор шарҳу тафсир дода, барои тақвияти фикру андешаҳои таҳтониву ниҳонӣ ва армону ороъи ирфониву рӯҳонии худ аз аҳодиси набавӣ фаровон истифода мебарад ва масъалаҳоро дар қолаби рамзу истиъораҳои тасаввуфӣ ҳаллу файсал мебахшад.
Дар аксари маворид, мувофиқи мушоҳада, хатти ифода ва силки ироъаи Мавлоно дар «Маснавӣ» чунин оғозу анҷом мепазиранд: аввал қазийя (таълимоту муқаррароти ирфонӣ), баъдан тасдиқи он (ояти қуръонӣ ва ё ҳадиси набавӣ), сипас мисоли тасдиқкунанда (ривояте, қиссае, ҳикояте), ниҳоят хулоса (дар шакли панду ҳикмат ва ё маслаҳату насиҳат) ифодаи бадеъӣ меёбанд.
Мавлоно дар «Маснавӣ» ба баъзе нуктаҳои дини расмии ислом, сӯраву оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ муроҷаъат намуда, онҳоро ба тарзи «дигар», дар доираи фаҳми фалсафӣ ва сӯфиёнаи худ тафсиру тавзеҳ диҳад. Аммо чунин тафсирҳои далерона ва берун аз муҳокимаҳои мурдаранги мадрасавӣ ҳам дар замони Мавлонову ҳам баъди сари вай адовату рақобати сахти уламои мутаассиби замонаро нисбат ба ӯ барангехта буданд, ки дар осору афкораш нақши муъассире гузошта, гоҳе ба шикояту гилагузорӣ, дилмондагиву рӯҳафтодагӣ, узлату канораҷӯйӣ ва армону орзӯпарварӣ ҳидояташ фармудаанд:
Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо,
Ман моҳиям, наҳангам, Уммонам орзуст!
Яъқубвор «воасафо!»-ҳо ҳамезанам,
Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст!
Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад,
Оворагийи кӯҳу биёбонам орзуст!
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!
Ҷонам малӯл гашт зи Фиръавну зулми ӯ,
Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзуст!
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл,
Он ҳоюҳӯву наъраи мастонам орзуст!
Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом
Муҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст!
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малӯламу инсонам орзуст!
Бидуни шакку шубҳа, «Маснавии маънавӣ» қомуси ҷомеъи мақолу зарбулмасал, суханони ҳикматомез ва панду мавъизаҳои рехтаву пухтаи мутафаккир мебошад. Ӯ дар ин асари худ аз ҳикоятҳои халқии мардуми форсизабону туркилисон, аз тамсилоти халқу қавмҳои ғайримусулмон, ки сокини Осиёи Сағир буданд, хеле фаровон истифода кардааст. Ин ҳикоятҳои халқӣ ва тамсилот бо тасвиру образҳои дилчаспу суханҳои олӣ маъниву сурати тоза гирифтаанд» (Расул Ҳодизода).
Ташбеҳу муқобалаҳои бадеъ, тамсилу талмеҳоти васеъ, ибораву ифодаҳои фасеҳ ва панду мавъазаҳои балеғи «Маснавӣ» дар давоми садсолаҳо мақбулу маҳбуби ҳамагон ва вирди забони пиру ҷавон гардида, шуҳрату мақомашро дар олами ислому ирфон ва фарсахҳо дуру берунтар аз он устувор гардонидаанд. Аз гуфтаи аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки ҳар каси муста-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор