Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Аҳли мавлавия дар ҷараёни симоъи сӯфиёна ва зикри орифона ба ширкати мусиқиву суруду рақс аҳамияти фавқулъода медоданд, ки чунин иқтизо дар дигар ахавот ба мушоҳада намерасид ва аз талаботу муқаррароти урфиву одатии шариъати анъанавӣ ба куллӣ фарқ мекард.
Аъзои фирқа чунин меҳисобиданд, ки зарраи Рӯҳи мутлақ, ки барои идроку ишроқ дар дили инсон ҷойгузин шудааст, беҳтар аз ҳама дар давоми рақсу танини мусиқӣ поку муҷалло мегардад – яъне, барои якшавӣ бо нахустасоси худ мекӯшад; ҳамчунин, мусиқӣ бештар аз ҳама барои ифшои ишқу алоқа ба Худо мадад мерасонад:

Оташи ишқ аз навоҳо гашт тез,
Ончунон ки оташи он ҷавзи рез!

«Мавлавия» дар баъзе мавориду матолиби назарӣ–фалсафӣ бо мактабу фирқа ва ҷараёну тариқаҳои дигари пешину ҳозири тасаввуфӣ қаробату умумияте дошта бошад ҳам, дар масоили ҷаҳонбиниву ҳастишиносӣ, шариъату тариқат, маърифату ҳақиқат, одобу ахлоқ, ғояву моя бинишу фаҳмиши хосу беқиёсе дорад.
Яке аз аркони таълимоту муқаррароти мавлавиён эътирофи баробарии тамоми дину мазҳабҳо ва эҳтироми кулли расму одатҳо мебошад, ки на танҳо дар сухан, балки дар амал – дар муносибату муъошират бо мардуми ғайримусулмони ҳамзамони Мулки Рум муддати тӯлоние ба кораш андохтаанду судҳо бардоштаанд.
Ҳамин тариқ, «таълимоти мавлавия бо мақсаду хосияту табиъати башардӯстии худ дар байни мактабҳои дигари фалсафа ва тасаввуф (-и Машриқзамин – А.Р.) мавқеъи намоён ишғол мекунад. Инсон (дар тасаввури пайравони ин тариқат – А.Р.) ба ҳайси маркази доираи фалак қарор дошта, ҳалли ин ё он масъалаи фалсафӣ мавлавиёнро ҳатман ба андеша дар бораи инсон меоварад» (Хуршед Зиёев).
Бидуни шакку тардид, ҳамин офариниши таълимоти орифонаи дӯстиву бародариву ҳамдилӣ, тарғибу ташвиқи самимонаи «Сулҳи Кулл», оройишу ситойиши содиқонаи «Инсони Ко- мил», парастишу густариши рақсу суруду мусиқӣ, эътирофу эҳтироми мусовоти дину ойини мухталифнукот, шинохту бузургдошти озодии тоҷулмахлуқот, ҷустору истиқрори ҳақиқати ҳаёту зарурати мамот, ифшои рози номакшуфи ҳастиву Ҳастиофарин ӯро – солики тариқати футуввату маърифату ҷустуҷӯро – ҷовидонӣ маҳбуби тамоми халқу маконҳо ва мақбули ҳамаи давру замонҳо гардонидааст.
Беҳуда нест, ки аз асри XIII то имрӯз Мавлавихониву Маснавихонӣ расму суннати дилписанду побарҷойи адабӣ – фарҳангии мардуми турку тоҷик гардида, дар саросари Туркия, махсусан дар Қуния, ки оромгоҳи орифи беназиру муршиди бебадил аст, ҳамасола, аз 10-ум то 17-уми моҳи декабр, – ҳафтаи пеш аз фавти Мавлоно, – Ҷашнвораи «Мавлоно» баргузор мешавад, ки анъанаи рақсидану суруданҳои даврони Мавлавиро зиндаву поянда нигаҳ медорад.
«Мавлавиёт»-у «Румӣ»-хонӣ дар аксари мамлакатҳои олам, дар он кишварҳое, ки Мавлоноро ба хубӣ медонанду мехонанду мешиносанд, интишор ёфта буданд, ки номи навову сурудаҳои суханвари бузурги таронасарову чакомапиро ва шогирдону муридону пайравону ҳаммаслакони ӯстанд.
«Мавлавиёт» системаи оҳангу навои маросимӣ: таронаҳои ахлоқӣ-тасаввуфӣ ва маърифатӣ-ирфонӣ буда, дар ин сабку равия даставвал худи Мавлоно ва, баъдан, шуъарои мутасаввиф оҳанг эҷод мекардаанд, ки мамлуви аносири рақсӣ будаанд.
Дар асрҳои баъдина низ дар ин мизону қолаб аҳли ҳунар осори сершуморе таснифу таълиф намудаанд, ки Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414 – 1492) дар он шумул буда, суруди «Мавлавия»-и хосе нигошта будааст, ки дар ҳаёти мусиқӣ чун «Нақши Мавлавӣ» машҳуру маъруф гардида, хислату фазилатҳои неку ҳасанаи инсониро тарғибу тавсиф мекардааст (Аскаралӣ Раҷабов).
Дар аксари ҷамъомаду ҷаласа, дарбору хиргоҳ, масҷиду мадраса ва мазору хонақоҳи Осиёи Миёна, аз ҷумла, хонақоҳи Хоҷа-Аҳрори Валӣ (рӯҳонӣ ва заминдори маъруфи асри XV), мусиқидону сарояндагони касбиву ҳаваскори бисёре бар ашъори нотакрори Ҳофизу Камолу Саъдӣ, Мавлонову Ҷомиву Қосими Анвор ва дигар устодони шеъри ғановатманди форсии

пешина
аз 71
навбатӣ