Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ШеърҒазалАдабиёт
Аз аввал хондан

Синаҳои равшанон бас ғайбҳо донанд, лек
Синаи ушшоқи ӯро ғайбдоне дигар аст.
Бас забони ҳикмат андар шавқи сирраш гӯш шуд,
З-он ки мар асрори ӯро тарҷумоне дигар аст.
Як замини нуқра, бин, аз лутфи ӯ дар айни ҷон
То бидонӣ, к-он муҳимро осмоне дигар аст.
Ақлу ишқи маърифат шуд нардбони боми Ҳақ,
Лек Ҳақро дар ҳақиқат нардбоне дигар аст.
Шабравон аз шоҳи ақлу посбон он сӯ шаванд,
Лек он ҷонро аз он сӯ посбоне дигар аст.
Дилбарони роҳи маънӣ бо дили оҷиз буданд,
Ваҳшиён омад, ки дилро дилситоне дигар аст.
Ай забонҳо баркушода бар дили бирбудае,
Лаб фурӯ бандед, к-ӯро ҳамзабоне дигар аст.
Шамси Табрезӣ чу шамъу шамъҳо парвонааш,
З-он ки андар айни дил ӯро аёне дигар аст.

Сорбоно, уштурон бин, сарбасар қаттор маст,
Мир масту хоҷа масту ёр маст, ағёр маст.
Боғбоно, раъд мутриб, абр соқӣ гашту шуд
Боғ масту роғ масту ғунча масту хор маст.
Осмоно, чанд гардӣ, гардиши унсур бибин,
Об масту бод масту хок масту нор маст.
Ҳоли сурат инчунину ҳоли маънӣ худ мапурс,
Рӯҳ масту ақл масту ваҳм маст, асрор маст.
Рав, ту ҷабборӣ раҳо кун, хок шав, то бингарӣ
Зарра-зарра хокро аз Холиқи ҷаббор маст.
То нагӯйӣ, дар зимистон боғро масте намонд,
Муддате пинҳон шудаст аз дидаи маккор маст.
Бехҳои он дарахтон май ниҳонӣ мехуранд,
Рӯзаке ду сабр мекун, то шавад бедор маст.
Гар туро кӯбе расад аз рафтани мастон, маранҷ,
Бо чунон соқию мутриб кай равад ҳамвор маст?

Соқиё, бода яке кун, чанд бошад арбада,
Дӯстон з-иқрор масту душманон з-инкор маст,
Бодаро афзун бидеҳ, то баркушояд ин гиреҳ
Бода то дар сар наяфтад, кай диҳад дастор маст?
Бухли соқӣ бошад он ҷо, ё фасоди бодаҳо,
Ҳар ду ноҳамвор бошад, чун равад раҳвор маст?
Рӯйҳои зард бину бодаи гулгун бидеҳ,
З-он к-аз ин гулгун надорад бар руху рухсор маст.
Бодае дорӣ худойӣ, бас сабукхору латиф,
З-он агар хоҳад, бинӯшад рӯз сад харвор маст.
Шамси Табрезӣ, ба даврат ҳеч кас ҳушёр нест,
Кофару муъмин харобу зоҳиду хаммор маст.

Мутрибо, ин парда зан, к-он ёри мо маст омадаст,
В-он ҳаёти босафои бовафо маст омадаст.
Гар либоси қаҳр пӯшад чун шарар, бишносамаш,
К-ӯ бад-ин шева бари мо борҳо маст омадаст.
Оби моро гар бирезад в-ар сабӯро бишканад,
Ай бародар, дам мазан, к-ин дам сақо маст омадаст.
Мефиребам масти худро, ӯ табассум мекунад,
К-ин салимулқалбро бин, к-аз куҷо маст омадаст.
Он касеро мефиребӣ, к-аз камина ҳарфи ӯ
Обу оташ бехуду хоку ҳаво маст омадаст.
Гуфтамаш: Гар ман бимирам, ту расӣ бар гӯри ман,
Барҷаҳам аз гӯри худ, к-он хушлиқо маст омадаст.
Гуфт: Он, к-ин дам пазирад, кай бимирад ҷони ӯ,
Бо Худо боқӣ бувад он, к-аз Худо маст омадаст.
Ишқи бечун бин, ки ҷонро чун қадаҳ пур мекунад,
Рӯйи соқӣ бин, ки хандон аз бақо маст омадаст.
Ёри мо ишқ асту ҳар кас дар ҷаҳон ёре гузид,
К-аз аласт ин ишқ бе мову шумо маст омадаст.

пешина
аз 71
навбатӣ